СОАТИ ПАРЛУМОНӢ: вакилони мардумӣ мавзӯи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро баррасӣ намуданд

Март 28, 2018 11:37

ДУШАНБЕ, 28.03.2018/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш мебарад ва бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии СММ Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт» (2005-2015) ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) эълон намуд, ки татбиқи худро ёфтанд. Матлаби мазкур  зимни  «Соати парлумонӣ», ки имрӯз дар Парлумони мамлакат таҳти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ дар мавзӯи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028»  доир гардид, зикр шуд.

Таъкид гардид, ки тӯли ин солҳо Тоҷикистон кӯшишҳои якҷояи худро ба густариши ҳамкорӣ ва ҳамшарикӣ, ба вуҷуд овардани механизмҳои ҳамкорӣ ва муколама барои дарёфти ҳалли оқилона ва мутақобилан судманд дар  идора ва нигаҳдории захираҳои маҳдуди оби тозаи ошомидании сайёра равона сохтааст.

Аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ Қатънома оид ба ташаббуси нави Тоҷикистон ҷиҳати эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 қабул гардид. 22 марти соли равон бо иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар бинои СММ ин даҳсола  оғоз ёфт.

Дар «Соати парлумонӣ» таъкид шуд, ки дар ҳамоишҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ сарони давлатҳои ҷаҳон ва олимону коршиносон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун лидери ҳалли масъалаҳои об ном мебаранд. Ин аз эътироф ва обрӯю эътибори баланди Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар суханронии худ дар ҷаласаи 72-юми Маҷмааи умумии СММ Пешвои миллат таъкид  намуданд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ба ҷалби ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар идоракунии захираҳои об, татбиқи лоиҳаҳое, ки ба беҳтар кардани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт, ҷорӣ кардани технологияҳои муосир нигаронида шудаанд, мусоидат намуданд. Дар иртибот ба Даҳсолаи навбатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо СММ  ва шарикони дигар 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баландро ба нақша гирифтааст, ки он таваҷҷуҳи  асосиро ба ҳалли масоили зикршуда равона хоҳад кард.

Мавриди зикр аст, ки татбиқи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дарки амиқи аҳамияти об барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини сулҳу субот саҳми шоиста мегузорад.

 

 

Март 28, 2018 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад