ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ. 27 март- Рӯзи умумиҷаҳонии театр

Март 27, 2018 15:41

«Театр ва дар маҷмӯъ фарҳанг дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти миллист. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд».

  Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 27.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. 27 март   Рӯзи ҷаҳонии театр дар тамоми олам таҷлил карда мешавад. Тибқи анъана он зери шиори ягонаи «Театр ҳамчун воситаи ҳусни тафоҳум ва сулҳ миёни халқҳо»  баргузор мегардад. Таҷлили ин сана дар саросари ҷаҳон соли 1961 аз ҷониби иштирокдорони Анҷумани 9-уми Институти театр дар назди ЮНЕСКО сурат гирифта буд. Театр аввалин санъати дидорӣ буд, ки пас аз он кино ва телевизион пайдо шуданд, аммо нақши театр  дар наздикии фарҳангҳо то имрӯз хеле зиёд аст.

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии театр на танҳо иди касбии ҳунармандони саҳна ва кормандони он, балки ҷашни дӯстдорони ин санъати ҳунарӣ низ мебошад.

Бояд гуфт, ки ба ифтихори ин санаи фархунда- Рӯзи театр дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҷашнвораҳои гуногуни театрӣ баргузор мегарданд. 

 Дар Тоҷикистон низ таҷлили Рӯзи ҷаҳонии театр ба як анъанаи нек табдил ёфтааст.  Дар ин рӯз ҳунарпешаҳо, режиссёрҳо, драмнависҳо, рассомон, бастакорон, тамоми аҳли театри кишвар ҷамъ омада, аз дастоварду комёбиҳои эҷодии худ, бурду бохт ва нақшаҳои оянда ибрози ақида мекунанд.

Боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми тоҷик ва ҳунармандони саҳнаи театр аст, ки  дар даврони соҳибистиқлолӣ дар дигар кишварҳо низ бо забони ноби тоҷикӣ намоишҳои театрҳои Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо театри тоҷик дар ҳоли пешрафт қарор дошта, бо спектаклҳои рангоранги худ қалби ҳазорон бинандаро тасхир менамояд. Ҳунармандони тоҷик имрӯзҳо бо барномаҳои рангоранг на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ мухлисону хаводорони зиёд пайдо намудаанд.

Қабули Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ»,  «Барномаи рушди санъати театрӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019» баҳри рушду такомули соҳаи театрӣ ва муҳайё сохтани фазои мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ҳалли маҷмӯи мушкилоти мавҷудаи соҳа ва фаъолияти пурсамари муассисаҳои театрии кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Бояд тазаккур дод, ки фарҳанг дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи калидӣ ишғол менамояд. Аз ин ҷост, ки ба ҳунар, хосса ба санъати театрӣ диққати махсус дода мешавад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки сохтмони яке аз бузургтарин ва хуштарҳтарин биноҳои театрӣ дар минтақа – Театри миллӣ дар пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе, ки хишти нахустини он аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2015 гузошта шуда буд, имрӯзҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бинои Театри миллӣ аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар яке дорои 1200 ва дуюмӣ 1000 ҷойи нишаст мебошанд. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6 метр буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ошёнаҳои болоии театр толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд.

Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва дигар шабакаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мешавад.

Лоиҳаи Театри миллии Тоҷикистон давоми 5 сол дар асоси омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй мебошад.

Хуллас,  театри тоҷик дар ҳоли пешрафту тараққӣ буда, ҳунармандони театри тоҷик имрӯзҳо яке аз дигаре беҳтар нақш меофаранд. Онҳо бинандагонро бо намоишҳои ҷолибу таъсирбахши худ сӯи театр мебаранд ва бо мавзӯъҳои доғи рӯз намоишҳои диданӣ пешниҳод менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

Март 27, 2018 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
25 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд