«ВОЛИДОН БО ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ТАЪРИХИ ОЯНДАИ КИШВАР ВА ҶАҲОНРО ТАРБИЯ МЕКУНАНД». Ин гуфтаҳо ба омӯзгори барҷаста Антон Макаренко, ки имрӯз 130-сола мешуд, тааллуқ доранд
ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз рӯзи таваллуди омӯзгори барҷаста, нависанда ва ходими ҷамъиятӣ Антон Семенович Макаренко 130 сол сипарӣ мешавад. Ӯ масъулияти бузурги падару модарро дар тарбияи фарзанд бисёр хуб дарк мекард. Далели ин гуфтаҳо сатри зерин аз китоби маъруфи «Китоб барои падару модар» мебошад, ки ҳамроҳ бо ҳамсараш – Г.С. Макаренко навиштааст: «Волидон бо тарбияи фарзанд таърихи ояндаи кишвар ва ҷаҳонро тарбия мекунанд».
Ҳангоми мутолиаи ин сатр бори дигар мутмаин мегардӣ, ки то чӣ андоза Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки моҳи марти соли 2016 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида буд, муҳиму саривақтӣ мебошад.
Қабули чунин қонун комилан қонунӣ ва асоснок аст, зеро ташаккули шахс ва хислати он аз гаҳвора оғоз меёбад. Қарзи волидон аз хурдӣ дуруст ба роҳ мондани тарбияи фарзанд, қаноатманд намудани ниёзҳои ҳамарӯзаи он ва ҳимоя кардан аз нохушиҳо мебошад. Махсусан давраи гузариш ба синну соли наврасӣ дар тарбияи оилавӣ давраи душвор мебошад.
Волидон бояд то он ва дар ин давра фарзанди худро ба меҳнатдӯстӣ, эҳтироми пиронсолон, муҳаббат ба китобхонӣ ва дониш ҳидоят карда, шавқи ӯро ба санъат ва ҳунармандӣ дастгирӣ намоянд.
Дар ин бора ҳанӯз чандин қарнҳо пеш классикони адабиёти тоҷику форс ва мутафаккирон, аз ҷумла, Фирдавсӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Унсурмаолии Кайковус, баъдан — Айнӣ, Мунзим, бунёдгузори мактабҳои нав дар садаи 20 Абдулқодир Шакурӣ ва дигарон низ навишта буданд. Сатрҳои пандомези зерини Низомиро, ки ба шахсони ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳода муроҷиат намудааст, ёдовар шудан кофист:
Он рӯз, ки ту ҳафтсола будӣ,
Чун гул ба чаман ҳавола будӣ.
В-акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,
Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ….
Макаренко ҳанӯз соли 1937 барномаи радиоиеро бо номи «Нуфузи падару модар» мебурд ва дар яке аз он барномаҳо, аз ҷумла, чунин гуфта буд: «Агар волидон аз уҳдадориҳои худ дар муносибат ба фарзандон даст кашанд ва ё онҳоро ноинсофона иҷро намоянд, ҳаёти ғайриахлоқӣ баранд, он гоҳ эҳтиром ва нуфузи худро дар назди фарзандон абадан аз даст медиҳанд».
Тавре ки Хоҷа Ҳофиз фармудааст: «Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт».
Имрӯз қабули Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони мураккаб, пурихтилоф ва мавҷудияти таҳдиду чолишҳо дар аксарияти минтақаҳои ҷаҳон, инчунин пайвастани иддае аз ҷавонписарони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар хориҷ, ки бар хилофи хислати миллии тоҷикӣ, таълими антиқа ва хирадмандонаи Зардуштӣ (гуфтори нек, пиндори нек ва кирдори нек) мебошад, рӯзмарра ва бисёр муҳим аст. Аксар вақт ҷавонон бинобар сабаби камсаводӣ ва кӯр-кӯрона пайравӣ намудани ақидаҳо ва даъватҳои ғайриинсонӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳамроҳ мешаванд. Зеро аз ҷаҳолат то ҷиноят як қадам роҳ аст.
Бо изҳори қаноатмандӣ бояд зикр намуд, ки баръакс аксарияти ҷавонон ҳодисаҳои ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ пайваст шудани ҳамсолони худро маҳкум намуда, ҷонибдории худро ба сиёсати созандаи Сарвари давлат ва Ҳукумат собит месозанд. Ин ҷавонон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дунё омадаанд ва якҷо бо ҷумҳурии соҳибихтиёри худ ба камол расидаанд, аз лиҳози ҷаҳонбинии нав, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, маҳз аз лиҳози ифтихор, на ғурур фарқ мекунанд. Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо исрор даъват менамоянд, ки дар баробари анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ, ҳамчунин арзишҳои олии инсонӣ, фарҳанг, динҳои гуногун ва дӯстии миёни халқҳо қадр ва эҳтиром карда шаванд. Бахусус чунин эҳтиромро Тоҷикистон зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишвари мо, ки рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 сурат гирифт, нишон дод.
Соли гузашта бо ташаббуси Сарвари давлат дар Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон гардида буд. Ин иқдоми дурандешонаи Пешвои миллат садҳо ҳазор ҷавонписарону ҷавондухтаронро, ки бо фаъолияти худ кӯшиш менамуданд сазовори эътимоди Сарвари давлат гарданд, боз ҳам рӯҳбаланду муттаҳид кард.
Ва боз мехоҳам як нуктаи марбут ба қабули қонуни мазкурро таъкид намоям. Аз шиносон, дӯстон ва ҳамкорони қирғизу ӯзбек борҳо шунидаам, ки дар он ҷо низ одамон мехоҳанд ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қонунҳо қабул гарданд. Зеро онҳо суди ин қонунҳоро барои мардум дар таҷрибаи Тоҷикистон эҳсос намуданд.
Ин таваҷҷуҳ аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи дуруст аст.
Мансур СУРУШ,
Ҷаҳонгир ГУЛМУРОД,
АМИТ «Ховар»