«Ворисони арзандаи халқу Ватанро ба воя расонем» – бардошт аз Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имрӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Тарбияи насли солиму ояндасоз – рисолати волидайн» баргузор шуд. Дар конференсияи мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату кумитаҳо, идораву муассисаҳои марбута ва коршиносони соҳа иштирок доштанд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни ифтитоҳи ҷамъомад зикр кард, ки мақсад аз баргузории он татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ба камол расонидани насли наврас мебошад.
Сипас собиқадори меҳнат, ходими давлатию ҷамъиятӣ Низорамоҳ Зарипова ба иштирокдорони конференсия аз таҷрибаи пешқадами замони худ дар тарбияи насли наврас ва вазъи имрӯзаи тарбия андешаҳояшро иброз дошт. Номбурда, аз ҷумла, аз телефонбозӣ ва вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоию ҳар гуна бозиҳои компютерӣ беҳуда сарф кардани наврасон изҳори нигаронӣ кард.
«Дар ташаккули шахсияти кӯдак мутолиа ва тарбияи меҳнатдӯстӣ нақши бағоят муҳим дорад. Беҳтарин дастоварди замони шӯравӣ- ин тарғибу ташвиқи наврасон ба ин масъалаҳои муҳим буд. Бо ин мақсад корҳои зиёди идеологӣ бурда мешуд. Бисёр афсӯс мехӯрам, ки баъзе наврасону ҷавонони имрӯз бо вуҷуди таъмин будан бо тамоми шароит аз мутолиа дур шуда, меҳнат карданро дӯст намедоранд, дар онҳо хислати бисёр бад – танбалӣ эҳсос мешавад, ки ин оқибати нек надорад. Фикр мекунам, ки як сабаби китоб нахонданашон ҳам ҳамин меҳнатдӯст набуданашон мебошад. Чунки китоб хондан, пеш аз ҳама, меҳнат кардан аст. Биёед барои китобхон шудани фарзандонамон ва меҳнатдӯст шудани онҳо ҷиддӣ муносибат кунем. Роҳҳои муассири ҷалби наврасон ба мутолиаро дарёбем. Ин масъала имрӯз роҳи ҳалли худро тақозо дорад»,- гуфт Низорамоҳ Зарипова дар тақвияти гуфтаҳои мазкур.
Зимни пешниҳоди маърӯза дар мавзӯи «Тарбияи насли солиму ояндасоз – рисолати волидайн» раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ Гавҳар Шарофзода, аз ҷумла, зикр кард, ки нақши падару модар дар ташаккули ҳар фард басо муҳим аст. Бахусус модар, ки аввалин омӯзгори кӯдак маҳсуб мешавад ва дар тақдири минбаъдаи ӯ нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки духтарони худро, ки модарони ояндаанд, оқилаву фарзона тарбия намоем. Кӯшиш намоем, ки духтарон соҳибмаълумоту соҳибҳунар гарданд. Нагузорем, ки онҳо бе касбу маълумот монанд.
«Мо набояд суннатҳои хуби ниёгонамонро дар тарбияи фарзанд фаромӯш кунем. Дар байни мардуми мо ин мақол: «як бачаро ҳафт маҳалла тарбия мекунад» маъруф аст. Ҳеҷ гуфтаи мардум бе ҳикмат нест. Мутаассифона, солҳои охир ба мушоҳида мерасад, ки атрофиён нисбат ба тарбияи насли наврас бетарафӣ зоҳир менамоянд. Баъзан мебинем, ки наврасон рафторҳои ноҷо карда, бахусус бо алфози кабеҳ якдигарро дашном медиҳанд, аммо мо, калонсолон худро ба нодонӣ зада, бетарафӣ зоҳир менамоем, ки ин оқибати хуб надорад. Вакте ки дар чунин ҳолатҳо мо вокуниш нишон медиҳем, наврасон хоҳу нохоҳ сари рафтори минбаъдаашон андеша мекунанд», — гуфт Гавҳар Шарофзода дар идомаи маърӯзааш.
Дар ҳамоиш ҳамчунин муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ дар мавзӯи «Ҳамкории омӯзгор бо волидайн дар рафти таълиму тарбия» маърӯза кард. Мавсуф, аз ҷумла, иброз дошт, ки тарбияи кӯдак дар баробари ин ки самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад, пеш аз ҳама, вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва умуман аҳли ҷомеа ба шумор меравад. Мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе падару модарон ба ин масъалаи ҳаётан муҳим беэътиноӣ зоҳир мекунанд.
«Боиси афсӯс аст, ки баъзе падару модарон дар давоми 11 соли таҳсили фарзандонашон боре ҳам ба мактаб барои хабардор шудан аз вазъи таълими онҳо намераванд. Маҳз чунин канораҷӯии онҳо дар тарбияи фарзанд зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба миён овард. Хушбахтона, татбиқи қонуни мазкур натиҷаҳои хуб дода, нигоҳу масъулияти волидайнро нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд ба куллӣ тағйир додааст», — гуфт Латофат Назирӣ.
Сипас ёрдамчии Прокурори шаҳри Душанбе Лочин Ҳасанзода дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқии уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода дар мавзӯи «Саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули насли солиму ояндасоз», муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайрокунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон дар мавзӯи «Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов дар мавзӯи «Рисолати волидайн дар таъмини ниёзҳои моддӣ ва маънавии фарзандон» маърӯза карданд.
Маърӯзачиён, аз ҷумла, зикр карданд, ки дар марҳалаи басо ҳассоси ҷаҳонишавӣ вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар, омӯзгор ва аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таълиму тарбия, омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифтани фарзандон ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо мебошад. Мо вазифадорем, ки насли наврасро дар рўҳияи худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия дода, ба онҳо дар муҳити оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ ахлоқу одоби ҳамида, маърифати шаҳрвандӣ, камолоти инсонӣ, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашариро омӯзем, то ворисони арзандаи халқу Ватан ба воя расонем.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»