Ёсуман ва Манижа сазовори стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардиданд

Март 6, 2018 09:32

ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева сазовори   стипендияи Раиси шаҳри Душанбе   Рустами  Эмомалӣ  гардиданд.   Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  ба  номбурдаҳо  ба маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ дар як моҳ барои нуҳ моҳи соли хониши 2017-2018  стипендия таъйин  гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, ин иқдом  бо мақсади ҳавасманд ва қадрдонӣ намудани ин ду соҳибистеъдоди навраси пойтахт, ки соли 2017 дар озмуни байналмилалии  «Кӯдакони нобиға – 2017» иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд, амалӣ гардид.

 

Маврид ба  зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ  дар маросими навсозӣ ва ба истифода супоридани Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз истеъдоди Ёсуман Исмонзода  ва Манижа Тошболтаева, ки дар озмуни «Кӯдакони нобиға» (“GeniusKid-2017”)-и шабакаи телевизионии «Россия-1» ғалаба ба даст оварданд,  изҳори таҳсин ва таҳният намуданд. Пешвои миллат дар ин маросим аз боби  ҳувияти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ ҳарф зада,  ғалабаи Ёсуман ва Манижаро дар чунин озмуни байналмилалӣ боиси ифтихор номиданд.

Ёдовар мешавем, ки Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева  дар озмуни «Кӯдакони нобиға», ки  3 ноябри соли 2017  дар Москва оғоз ёфт, дар байни 250 ширкаткунанда аз 11 кишвар мақоми аввалро соҳиб шуданд. Ин ду духтари навраси тоҷик  баъди намоиши истеъдодашон дар телевизиони давлатии Россия ба чеҳраҳои маъруф дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфтанд.

Ёсуман ва Манижа охири моҳи октябр дар ду барномаи «Одамони ғайиодӣ» дар шабакаи телевизионии Россия-1 ширкат карданд ва бо истеъдоди худ мухлисони барномаро дар ҳайрат гузоштанд. Манижа Тошболтаева дар ин барнома суръати мошини дар ҳоли ҳаракатро мушаххас гуфт ва бинандагонро дар ҳайрат гузошт. Ёсуман Исмонзода бо қобилияти фавқулода доварони барномаро шигифтзада кард:  дар муддати ду дақиқа камтар аз 100 шумораи даҳӣ ва садиро ҷамъу тарҳ кард ва ҷавоби дуруст дод.

Ёсуман Исмонзода хонандаи синфи 9 -и Литсейи равияи табиии риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Бо бародараш Абубакр Исмонзода дар чандин олимпиада ширкат карда, соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.    Ҳарду дар Маркази таълимии Академияи арифметикаи зеҳнӣ ҳам таҳсил мекунанд.

 

Март 6, 2018 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад