Ёсуман ва Манижа сазовори стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардиданд
ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева сазовори стипендияи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гардиданд. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ба номбурдаҳо ба маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ дар як моҳ барои нуҳ моҳи соли хониши 2017-2018 стипендия таъйин гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади ҳавасманд ва қадрдонӣ намудани ин ду соҳибистеъдоди навраси пойтахт, ки соли 2017 дар озмуни байналмилалии «Кӯдакони нобиға – 2017» иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд, амалӣ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими навсозӣ ва ба истифода супоридани Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз истеъдоди Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева, ки дар озмуни «Кӯдакони нобиға» (“GeniusKid-2017”)-и шабакаи телевизионии «Россия-1» ғалаба ба даст оварданд, изҳори таҳсин ва таҳният намуданд. Пешвои миллат дар ин маросим аз боби ҳувияти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ ҳарф зада, ғалабаи Ёсуман ва Манижаро дар чунин озмуни байналмилалӣ боиси ифтихор номиданд.
Ёдовар мешавем, ки Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева дар озмуни «Кӯдакони нобиға», ки 3 ноябри соли 2017 дар Москва оғоз ёфт, дар байни 250 ширкаткунанда аз 11 кишвар мақоми аввалро соҳиб шуданд. Ин ду духтари навраси тоҷик баъди намоиши истеъдодашон дар телевизиони давлатии Россия ба чеҳраҳои маъруф дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфтанд.
Ёсуман ва Манижа охири моҳи октябр дар ду барномаи «Одамони ғайиодӣ» дар шабакаи телевизионии Россия-1 ширкат карданд ва бо истеъдоди худ мухлисони барномаро дар ҳайрат гузоштанд. Манижа Тошболтаева дар ин барнома суръати мошини дар ҳоли ҳаракатро мушаххас гуфт ва бинандагонро дар ҳайрат гузошт. Ёсуман Исмонзода бо қобилияти фавқулода доварони барномаро шигифтзада кард: дар муддати ду дақиқа камтар аз 100 шумораи даҳӣ ва садиро ҷамъу тарҳ кард ва ҷавоби дуруст дод.
Ёсуман Исмонзода хонандаи синфи 9 -и Литсейи равияи табиии риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Бо бародараш Абубакр Исмонзода дар чандин олимпиада ширкат карда, соҳиби ҷоизаҳо гардидааст. Ҳарду дар Маркази таълимии Академияи арифметикаи зеҳнӣ ҳам таҳсил мекунанд.








35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид






