ӮЗБЕК ВА ТОҶИК – ЗАМОНИ ВОҚЕАҲОИ ТАЪРИХӢ ОҒОЗ ГАРДИД. Мусоҳиба бо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода
ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт. Бо анҷоми ин сафар марҳилаи нави ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз гардид. Зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми ҳукуматҳо ва доираи соҳибкорони ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Санадҳои нави ҳамкории баимзорасида ба пойдоршавӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат менамоянд.
Дар робита ба ин сафари дӯстона таваҷҷуҳ намоед ба мусоҳибаи хабарнигори рӯзномаи «Ӯзбекистон овози» Фаррух ҲАМРОЕВ бо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА:
— Муносибатҳои дӯстии байни мардумони ӯзбеку тоҷик ба кадом омилҳои таърихӣ такя мекунанд? Андешаи Шумо?
–Муносибатҳои байни ӯзбекону тоҷикон таърихи чандинасра доранд.
Бояд зикр кард, ки халқҳоямон байни мардумони Осиёи Марказӣ бо якдигар қаробати хеле наздик доранд. Исботи ин на фақат тадқиқоти таърихиву илмӣ, балки ях хел будани урфу одатҳоямон низ мебошад.
Дар вақташ олими барҷаста Зариф Раҷабов: «Алоқаҳои зичу мустаҳкам байни ӯзбекону тоҷикон устувор гаштаанд. Онҳо либоси якхела мепӯшанд, таомҳои якхела тайёр мекунанд, духтар додаву духтар гирифта, хешу табор гаштаанд. Урфу одатҳояшон низ монанди ду қатра об ба як дигар монанд мебошанд»,- гуфта таъкид карда буд.
Халқи ӯзбеку тоҷикро таърихи умумӣ, ҳамсоягии хуб, боварию эҳтиром ба якдигар ва анъанаҳои муштарак бо ҳам мепайванданд.
Ба назарам, сабаби ба якдигар наздик будани халқҳоямон дӯстӣ ва ҳамкории байни суханварони асил – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ мебошад. Мусаллам аст, ки бо маслиҳат ва ҳидоятҳои Абдураҳмони Ҷомӣ Алишер Навоӣ ба яке аз устодони адабиёти классикии тоҷику ӯзбек табдил ёфт. Мактуби устод Ҷомӣ ба шогирдаш вазир Навоӣ моро ба ҳайрат мегузорад. Ҷомӣ аз ӯ хоҳиш мекунад, ки фарзандони Хоҷа Аҳрори Валиро ба парасторияш гирад. Барои Навоӣ хоҳиши устодаш басо муҳим буд ва албатта, ӯ ин хоҳишро иҷро кардааст.
— Мустаҳкам гардидани муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ба ҳаёти халқҳоямон чӣ гуна таъсир мерасонад?
– Гармшавии муносибатҳои ду давлат дар мадди аввал ба ҳаёти одамони одӣ таъсири хешро мегузорад. Тасдиқи ин суханон кушодашавии гузаргоҳҳои назоратӣ, аз нав барқарор шудани роҳҳои оҳан ва ҳавоӣ мебошад, ки он аз ҷониби мардум бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Ҳар як навигарӣ аз ҷониби сокинони кишварҳоямон бо мамнуният қабул мешавад. Чунки дар ин ҳолат на фақат дар бораи рушду барқарории ду давлат ва амнияти минтақа, балки сари эҳсосоти ду миллати бародар низ сухан меравад. Сиёсати оқилонаи роҳбарони давлатамон ба вусъати ҳамкории мутақобилаи манфиатнок, дар якҷоягӣ ёфтани роҳи ҳалли муаммоҳои мавҷуда, устувор намудани муносибатҳои ҳамсоягии хубу дӯстона ва аз имрӯза дида боз ҳам қавитар кардани онҳо мусоидат мекунад.
Ин рӯйдод на танҳо барои Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки барои тамоми минтақа низ ҳодисаи таърихӣ мебошад. Ва дар инҷо, бидуни шубҳа, хидматҳои сарони ду кишвар – Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро алоҳида бояд таъкид намуд. Аз таҷриба маълум аст, ки муносибатҳои хуби президентҳо ба муносибатҳои мардум низ таъсир расонида, омили наздикшавӣ, дӯстӣ ва ҳамкории манфиатнок шуда метавонад.
Боварӣ дорам, ки муносибатҳои сарварони давлатҳоямон дар асоси эҳтироми ҳамдигар, боварӣ ва мулоқоти созанда сурат гирифта, барои рушди ҳамкории бисбёрҷонибаву дутарафа таъсир мерасонанд.
— Тибқи хулосаи коршиносон, ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рӯйдоди таърихӣ маҳсуб мешавад. Шумо аз ин ташриф чӣ интизориҳо доред?
– Боварӣ дорам, ки баъди ташрифи давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон як давраи нав оғоз меёбад. Дар доираи ташриф як зумра шартномаҳои муҳим низ имзо хоҳанд шуд, ки ҳамкории ҳама соҳаҳоро ба низом медароранд.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар яке аз суханрониҳои худ: «Яххои 20-сола бояд об шаванд. Баъд аз ин ҳамсоягии созандаро барқарор кардан мумкин аст. Ин амал вақт талаб мекунад ва он кори осон нест», -гуфта буд.
Ҳозир дар ин раванд қадамҳои нахустини гузоштаамонро бо мамнуният бояд зикр кунем. Акнун Душанбе ва Тошканд барои ҳамкории ҳамаҷониба заминаи мусоид ба вуҷуд оварда, дар ин ҷода механизм ва воситаҳо бояд эҷод кунанд.
Барои устувории ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон салоҳияти баланд зарур мебошад. Аз муносибатҳои ҳамсоягии дӯстонаи бисёрасра истифода бурда, ҳамкории байни ду кишварро боз ҳам ривоҷ додан, ҳаҷми савдоро зиёд намудан, ба алоқаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ суръат бахшидан зарур аст.
— Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ суҳбат орост. Дар он гуфта мешавад, ки бо сабаби сиёсати пешгирифтаи оқилонаи Шавкат Мирзиёев дар минтақа дигаргуниҳои бузург рух дода истодаанд. Назари Шумо ба ин гуфтаҳо чӣ гуна аст?
— Ин андешаи ҳаққонӣ ва эътирофи волост. Вақтҳои охир фаъолияти минтақавии Президенти Ӯзбекистон хеле афзуд. Шавкат Мирзиёев дар муддати кӯтоҳ ба Туркманистон, Қазоқистону Қирғизистон сафар кард.
Шавкат Мирзиёев ба давлатҳои ҳамсоя муносибатҳои дӯстона, самимиву самаранок ба роҳ мондааст. Ба назарам, ташаббуси ӯ роҳбарони давлатҳои минтақаро муттаҳид сохта, барои ҳамгироӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав хизмат менамояд.
Мусоҳиб: Фаррух ҲАМРОЕВ.
Манбаъ: рӯзномаи «Ӯзбекистон овози».