«Зи кӯи ёр меояд, насими боди наврӯзӣ…»

Март 22, 2018 11:19

Зи кӯи ёр меояд,  насими боди наврӯзӣ, 

                                      Аз  ин бод ар  мадад хоҳӣ,  чароғи дил барафрӯзӣ.

                                                                                    Ҳофизи Шерозӣ

ДУШАНБЕ, 22.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  21  март кишварҳои  ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла, Тоҷикистон  Наврӯзи ҷаҳониро бо шодиву сурур, таҳти навои чангу чағона дар базмгоҳҳои наврӯзӣ бо умеди оромию сарсабзӣ, пешрафту шукуфоӣ ва сарҷамъии мардумони ҷаҳон истиқбол намуданд.

Ҷашни бостонии Наврӯз, ки мақоми ҷаҳониро касб намудааст, барои мардумони  мо як олам маънӣ дошта, чандин ҳазор сол қабл  дар байни мардумони ориёӣ, аз ҷумла, тоҷикон арзи ҳастӣ намуда, таърихи тӯлонӣ дорад.  «Маънои Наврӯз  -рӯзи нав,  айёми нав, эҳёи табиат, баробаршавии шабу  рӯзи баҳорӣ мебошад»,- мегӯяд яке аз наврӯзшиносони маъруфи тоҷик  Рӯзи Аҳмад.

Муҳаққиқи тоҷик зикр намуд, ки Наврӯз ҷанбаъҳои зиёд, назири ҷанбаи кайҳонӣ, таърихӣ-асотирӣ, фарҳангӣ ва кишоварзӣ дорад. Ҷанбаи кайҳонии  Наврӯз вобаста аст ба гардиши офтобу замин, яъне ҷанбаи нуҷумии Наврӯз аз  он иборат аст, ки    офтоб ба хати  устувори замин баробар гардида, шабу рӯз баробар мешавад. Аз ин рӯ, баробаршавии шабу рӯзи баҳориро аз замонҳои қадим Наврӯз номидаанд.  Агар ба ҷанбаъи таърихӣ- асотирии Наврӯз назар афканем, пайдоиши Наврӯзро  дар сарчашмаҳои бостонӣ ба Каюмарс нисбат медиҳанд. Вақте, ки  фарзандони Каюмарс ба сад расид ба ҳамин муносибат гӯё ҷашни бошукӯҳ ороста,  ин ҷашнро Наврӯз номиданд. Асосгузори  Наврӯз шоҳ Ҷамшед мебошад. Ҷамшед шоҳи чоруми Пешдодӣ буда, 730 сол ҳукмронӣ кардааст. Дар аҳди Ҷамшед норасоӣ набуд,  мардум бо меҳру муҳаббат дӯстона дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебурданд, дар он замон кинаву адоват,  бухлу ҳасад  ва дигар хислатҳои зишт  миёни инсонҳо вуҷуд надошт.

Ҷанбаи фарҳангӣ ва кишоварзии Наврӯз  ба он марбут аст, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём ба кишоварзӣ машғул буда, кӯшиш мекарданд, ки сарзамин ва макони зисти худро тозаву озода созанд. Ба ин муносибат қабл аз ҷашни Наврӯз маросимҳои гуногун,  ба мисли  гулгардонӣ, хонатаконӣ ё хонабарориро анҷом медоданд. Хонаҳоро тозаву озода гардонида, дару деворҳояшро ранг мекарданд. Инчунин маросими аловпарак  ё оташафрӯзӣ, ки дар Эрон бо номи чаҳоршанбеи сурӣ маъмул аст, яке аз оинҳои ҷашни бостонии Наврӯз буда,  дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон низ ба ҷо оварда мешавад. Оташафрӯзӣ ё худ аловпарак, ки яке аз маросимҳои наврӯзист ва ба он хотир гузаронида мешуданд, ки  се рӯзи охир то Наврӯз рӯзҳои наҳс  аст. Дар рӯзҳои наҳс гӯё аз рӯи андешаи гузаштагони мо  Аҳриман, ки қувваи бадӣ мебошад, мехост  тамоми вуҷудашро  барои анҷоми корҳои зишт  равона карда,  ба ин васила  инсонҳоро ба балоҳо гирифтор созад. Аз ин рӯ, Ҳурмуз намегузошт, ки Аҳриман ба мардум бадӣ расонад. Мардумони мо зимни иҷрои маросими оташафрӯзӣ аз болои оташ ҷаҳида мегуфтанд: «Оташ –оташ  сурхию хурамии ту аз мо,  зардию ранҷурии мо аз ту». Ҳатто  кӯдаконро аз болои оташ мегузарониданд. Тавассути  оини  оташафрӯзӣ мардум аз қувваҳои аҳриманӣ халос  шуда, Наврӯзро хушу хурсандона  истиқбол ва ҷашн мегирифтанд. «Дар байни  тоҷикони Осиёи Марказӣ-  Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Термез, Ҳисор,  Кӯлоб, Душанбе  ҷашни Наврӯзро бо номи  иди  сари сол  ё иди соли нав ҷашн мегирифтанд»,- мегӯяд донишманди тоҷик  Рузӣ Аҳмад. Ба истиқболи Наврӯз мардумон дастархони ҳафт син ва ҳафт шин меороянд, аз сабзаи гандум, ки рамзи сарсабзию хуррамист,  суманак мепазанд.

Мавриди зикр аст, ки дар осори бузургони илму адаби тоҷику форс, хусусан дар шоҳасари безаволи Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома»,  «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул -боқия»- и  Абурайҳони Берунӣ, асарҳои Абӯалӣ Сино, Ҳофизи Шерозӣ ва дигар мероси адабии нобиғаҳои бузурги илму адаби тоҷик доир ба пайдоишу таърих  ва арзишҳои ҷашни Наврӯзи бостон  маълумоти муфассал  гирд оварда шудааст, ки пажӯҳиш ва омӯзиши он барои муҳақиқони ҷавон ва дар маҷмӯъ мардумамон  судманд аст.  Бояд тазаккур дод, ки сунатҳои ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар сарзамини Тоҷикистон, ки ватани Наврӯз унвон мегардад,  дар даврони солҳои Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо саъю  талошҳои Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид. Аз ин ҷост, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардида, ба ҷашни давлатӣ табдил шуд. Инчунин бо пешниҳоди кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла,  Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО – ниҳоди илмиву фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид  /СММ/ Наврӯзро дар феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид ва дар моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ дар Иҷлосияи  64-уми СММ қарор қабул кард, ки тибқи он минбаъд 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ Наврӯз таҷлил мешавад. Аз ҷониби созмони бонуфузи СММ эълон гардидани Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ кишварҳои ҳавзаи Наврӯзро водор месозад, ки доир ба таърих, пайдоиш ва суннатҳои ин ҷашни бостонӣ пажӯҳишҳоро анҷом дода, паҳлуҳои гуногуни он пурра омӯхта шавад, зеро Наврӯз ҷашни қадима буда, бо рӯзгор ва зиндагии мардумони ҷаҳон  марбут аст. Наврӯз тараннумгари шодиву нишот,  сарсабзию хуррамӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии мардумони сайёра буда, дар худ сулҳу субот ва  саодати ҷаҳонро таҷаллӣ менамояд:

Наврӯзро ба навбаҳор кай мебинам,

Гулҳоро ба шаш қатор кай мебинам.

Гулҳоро ба шаш қатор дар фасли баҳор

Дунёро ба як қарор кай мебинам.

Аз нигоҳи  ситорашиносон Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи  ҳамал ворид  мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид мегардад, соли нав фаро мерасад. Дар сонияҳое, ки Наврӯз   мерасад, ҳатто  дили санги хорро нарм гардида, онро  бо шамшер буридан мумкин, ин рамзист. Ҳамин ки сол нав шуд ва Наврӯз расид тухм ва моҳиҳо, ки дар суфраи наврӯзӣ гузошта мешуданд,  худ ба худ  ҳаракат мекарданд.  Наврӯз, ки соли нави хуршедӣ аст, 20 марти соли равон ба вақти маҳаллӣ соати 21:15 дақиқа ба сарзамини Тоҷикистон расид. Дар ин росто, қадами мубораки Наврӯзи ҳуҷастапай  ва баҳори сарсабз  барои мардуми тоҷик ва сарзамини Тоҷикистон, ки ватани Наврӯз ва кулли тоҷикони ҷаҳон аст, фарруху фархунда бошад!

Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,

Омаданаш фарруху фархунад бод!

                                  Марзия САИДЗОДА, 

АМИТ «Ховар»

Март 22, 2018 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид