«Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад»-таҳти ин унвон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи Модар барномаи фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» баргузор гардид, ки дар он фаъолзанону духтарони пойтахт иштирок доштанд.
Барномаи мазкур чун анъана бо намоиши маҳсули дастони ҳунармандони шаҳри Душанбе, ки аксари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд, оғоз гардид. Дар намоишгоҳ иштирокдорон имкон доштанд, ки бо фаъолияти кории ҳунармандони пойтахт аз наздик шинос шуда, маҳсулоти мақбулу зарурӣ харид намоянд.
Сипас қисмати тантанавии ин барномаро муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайзода ифтитоҳ намуда, номаи табрикии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба саҳми иштирокдорони он расонид. Ӯ аз ҷумла, зикр кард, ки дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани мартабаи занон дар ҷомеа мақоми махсус дошта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ теъдоди зиёди санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар ин самт қабулгардида шаҳодати барҷастаи он мебошад.
Маҳмадсаид Зувайзода дар тақвияти гуфтаҳои мазкур аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2017 дар ҷашни Рӯзи Модар баён намуда буданд, чунин иқтибос овард: «Таҷрибаи ҳаёт ва таърихи башарият собит месозад, ки дар ҳар кишваре, ки ба модарону бонувон арҷи бештар мегузоранд, аҳолии он осудаву пешрафта мебошад. Дарвоқеъ, ба шарофати модар ҳаёт дар рӯи замин бардавому пойдор ва маҳз ӯ олитарин муқаддасоти башарӣ мебошад. Аз ин рӯ, барои ҳар яки мо симои аз ҳама маҳбубу меҳрубон ва нотакрору ҷовидона модар аст. Модар бароямон на танҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати миллату давлатамон ба шумор меравад. Бинобар ин, мо вазифадорем, ки қадру манзалати занону модаронро ба таври шоиста ба ҷо орем ва дар хотир дошта бошем, ки сарчашмаи бузургии кулли бузургони ҷаҳон модар аст».
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин зикр кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои баланд бардоштани мақому манзалати занон пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ менамояд. Сол то сол зиёд гардидани сафи занону духтарон дар вазифаҳои масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои он далели ин гуфтаҳост. Бахшида ба Рӯзи модар қадрдонӣ намудани меҳнати 2 ҳазору 920 нафар бонувон, ки дар тозагию ободонии пойтахт саҳми арзанда доранд, аз ҷумлаи тадбирҳои навбатии мақомоти мазкур аст.
Барномаи фарҳангию фароғатӣ бо ҳунарнамоии устодони санъати ҷумҳурӣ, ки суруду таронаҳои он асосан ба васфи зан –модар бахшида шуда буданд, анҷом ёфт.


















Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






