ҚАҲРАМОНФАРЗАНДИ МИЛЛАТ

Апрель 15, 2018 09:13

ДУШАНБЕ, 15.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Миллати тоҷик роҳи  пуршебу фароз ва монеаҳои душвори замонро маҳз бо қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони фарзонааш пушти сар гузошта, аз имтиҳонҳои сангини таърих борҳо гузаштааст. Воқеан, дар ин марҳилаҳои тақдирсоз чи дӯсту чи душман гумон мекарданд, ки миллати тоҷик охирин нафасҳои ҳастияшро мешуморад ва вазъият ҳам ин гумонҳоро тасдиқ мекард. Аммо алорағми ҳама бадиву бадгумониву бадгумонҳо миллати тоҷик мисли самандар аз миёни хокистар болу пари нав кушода дигарбора бо неруву тавони дучанд эҳё мегардид ва ин болу пар фарзандони қаҳрамонаш буданд!

Яке аз чунин қаҳрамонфарзандони миллат устод Садриддин Айнӣ мебошад, ки барои эҳёи номи миллат ҳам банду зиндон ва зарби чӯби аморат ва ҳам таҳдиди репрессияи душманон дар замони шӯравиро таҳаммул кард. Ҳама сахтиҳоро ба худ гирифт, аммо ба миллат хиёнат накард. Азобу уқубат дид, вале ҳуввияту асолати миллии худро аз даст надод. Даруну берун сӯхт ва бо ин фидокорӣ оташи абадии фарҳангу адаби миллати тоҷикро фурӯзон нигоҳ дошт.

Инак, устод Айнӣ 140-сола шуд. Беҳуда нест, ки шоир мегӯяд:

Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

Устод Айнӣ тӯли умри бобаракати худ бо азхудгузарии беамсол тавонист номи садҳо шахсиятҳои бузурги илму фарҳангро ҳамчун намояндагони асили миллати тоҷик зинда нигоҳ дорад ва таърихи миллатро аз чанги миллатдӯздону миллатфурӯшон ҳифз намояд.

Ин аст, ки номи ӯ ҳамчун шахсияти бузурги миллат аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поянда нигоҳ дошта шуда, дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон ҳамчун аввалин нафаре, ки унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро гирифт, абадан сабт гардидааст.

Ин суханони Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон намунаи олии эҳтирому қадршиносӣ аз хизматҳои устод Айнӣ эътироф намуд, ки дар яке аз суханрониҳояшон гуфтаанд: «Дар вазъияти мураккаби таърихӣ ба майдони мубориза устод Айнӣ ба ҳайси як қаҳрамони миллӣ ворид шуд. Китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» дар солҳои бистуми асри гузашта ба сифати шаҳодатномаи миллати тоҷик хизмат карда, боиси ҳамчун халқи қадима ва фарҳангӣ эътироф гардидани тоҷикон гардид».

Дар ҳақиқат, устод Айнӣ бо «Ҷаллодони Бухоро» миллатро аз фитнаи душманон огоҳ сохт, бо «Одина»-ву «Дохунда» нангу номус ва рӯҳи муборизи миллатро эҳё намуд, бо «Марги судхур» ба хоинону ватанфурӯшон аз оқибати корашон паём дод, бо «Ёддоштҳо» хотираи таърихии миллатро бедор сохт ва бо «Намунаи  адабиёти тоҷик» тоҷиконро ба ҷаҳон дигарбора шиносонд.

Дар охир мисраҳои зерини устод Айнӣ оварда мешаванд, ки хоси аҳвол ва заҳматҳои кашидаи ӯ дар тӯли ҳаёт мебошанд:

Ин хона зи хишти куҳан андохтаам, 

Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам.

То аҳли замони мо бидонанд, ки ман,

Як умри ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам.

 

Абдулло РАҲМОНЗОДА,

раиси Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

дар вилояти Хатлон

 

Апрель 15, 2018 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад