Агентии обуҳавошиносӣ: дар Тоҷикистон тайи 3 рӯз боридани борон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 06.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шурӯъ аз 7 то 10 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боридани борон ва дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст. Рӯзҳои 8 ва 9 апрел ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Тавре аз Агентӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин муддат пастшавии ҳарорати рӯзона пешбинӣ шуда, дар водиҳо ҳарорат то 8-10С паст мешавад. Дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ вазиши сахти бод то 15-20 м дар як сония ва ба амал омадани чангу ғубор пешгӯӣ карда мешавад.
Имрӯз, 6 апрел дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона дар водиҳо 9-14 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона 10-12 ва рӯзона 28-30 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






