Ба имзо расидани созишнома оид ба омоданамоӣ ва бозомӯзии дипломатҳои тоҷик дар Академияи дипломатии ВКХ Озарбойҷон
ДУШАНБЕ, 28.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Академияи дипломатии (ADA) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон маросими баимзорасонии «Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон» баргузор шуд.
Созишномаи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ имзо кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бар асоси Созишномаи мазкур, ҷониби Озарбойҷон ҳар сол барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 бурсия барои омӯзиш дар Академияи дипломатии Озарбойҷон (ADA), инчунин 6 бурсия барои такмили ихтисоси дипломатҳои тоҷик ҷудо менамояд.
Дар фарҷоми маросими баимзорасонӣ ҳамзамон мулоқоти Сафир бо Муовини Вазири корҳои хориҷӣ — Ректори Академияи дипломатӣ Ҳафиз Пашаев доир гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон дар фароянди маросим дар Академияи мазкур гӯшаи Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки дар он китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асарҳои илмӣ-таърихӣ бахшида ба фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон, инчунин китобҳо дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолият, таърих ва фарҳанги Тоҷикистон ҷой дода шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






