БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: сатҳи таваррум дар моҳи марти соли ҷорӣ тамоюли коҳишёбии худро ба монанди моҳи қаблӣ идома дод
ДУШАНБЕ, 10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи таваррум дар моҳи марти соли ҷорӣ тамоюли коҳишёбии худро ба монанди моҳи қаблӣ (феврали с.2018) идома дода, бо нишондиҳандаи манфии -1 фоиз ҷамъбаст гардид, ки нисбат ба моҳи марти соли гузашта ба андозаи 2,5 банди фоизӣ кам мебошад.
Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ба таварруми ҳосилшуда асосан коҳишёбии нархи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба андозаи -2 фоиз таъсир расонид. Инчунин, дар ин моҳ нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ 1 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 4 фоиз афзуданд.
Аз ҷумла, дар сохтори тағйирёбии таваррум дар моҳи ҳисоботӣ поёнравии нархи бархе аз маҳсулотҳои серистеъмоли аҳолӣ, аз қабили орд, тухм, шакар, равғани пахта, шир, картошка, пиёз, сабзӣ, карам ва ғайра мушоҳида гардид. Инчунин, нархи маводи сӯзишворӣ, ба монанди гази моеъ раванди коҳишёбӣ дошт, ки ин, пеш аз ҳама, бо воридшавии зиёди ин маҳсулот арзёбӣ гардида, ба муътадил шудани нархи он оварда расонид.
Аз аввали сол сатҳи таваррум -0,8 фоизро ташкил дод. Сатҳи таварруми солона бошад (дар 12 моҳи охир), дар моҳи марти соли равон ба 2,5 фоиз баробар шуд, ки ин нисбат ба моҳи қаблӣ ба андозаи 2,7 банди фоизӣ кам мебошад.
«Пешбинӣ мегардад, ки сатҳи таваррум дар соли 2018 раванди муътадилро идома дода, дар давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок (7,0% ± 2 б.ф.) нигоҳ дошта мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат идома медиҳад»,-зикр кард манбаъ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






