Боздиди баронесса Элисон Мэри Сюти аз Парлумони Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 11.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои палатаи Лордҳо аз Ҳизби либерал-демократҳои Британияи Кабир, баронесса Элисон Мэри Сюти зимни сафараш ба Тоҷикистон аз Парлумони мамлакат боздид намуда, бо вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабов мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот роҳҳои таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ шуда, дар ин самт пешниҳодҳои самарабахш ироа гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки баронесса Элисон Мэри Сюти 25 сол инҷониб дар парлумонҳои Британияи Кабир ва Аврупо фаъолият намуда, бештар ба масъалаи роҳҳои табобати беморони сил машғул аст. Мавсуф ҳамзамон бо парлумонҳои мамлакатҳои дунё, аз қабили Парлумони Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ҳамкории густурдаро дар бахши мубориза бар зидди бемории сил ба роҳ мондааст. Дар ин росто, дар мулоқот ҳамзамон масъалаи вазъи бемории сил дар Тоҷикистон ва роҳҳои табобати он матраҳ гардид.








Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






