Боздиди Сафири Тоҷикистон аз Ширкати энергетикии Токио «TEPCO»

Апрель 30, 2018 09:22

ДУШАНБЕ, 30.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ  аз идораи марказии Ширкати энергетикии Токио «TEPCO» боздид намуда, бо сардорони бахшҳои соҳавӣ мулоқот кард ва бо фаъолияти ширкати мазкур шинос шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот намояндагони ширкати «TEPCO» дар бораи ташаккул ва фаъолияти имрӯзаи ширкат баромад намуда, таърих ва раванди рушди ширкатро батафсил муаррифӣ намуданд. Сафир аз раванди истеҳсол ва таъмини қувваи барқ ба истеъмолкунандагони минтақаи Канто, ки дар он пойтахт ва калонтарин шаҳри Япония – шаҳри Токио ҷойгир мебошад, шинос шуд.

Дар доираи боздид Сафир ҳамчунин ба зеристгоҳи зеризаминии «Higashi-Uchisaiwaicho» ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос шуд.

Сафири Тоҷикистонро зимни боздид роҳбарони лоиҳавии ширкати японии «Asia Engineering Consultant Co., Ltd», ки дар доираи татбиқи тарҳи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» бо маблағгузории Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ (JICA) ба сифати ширкати машваратчӣ ҳамкорӣ менамояд, ҳамроҳӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 26 январи соли 2018 дар шаҳри Душанбе байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати японии «Nishizawa» қарордор ба маблағи 1.976 млрд. йен ба имзо расид. Бар асоси ин қарордод, ширкати «Nishizawa» дар давоми ду сол сохтмони зеристгоҳи нави «Радиостанция» ва корҳои навсозӣ ва афзоиши иқтидори зеристгоҳи «Промышленная»-ро, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд, ба анҷом мерасонад.

Апрель 30, 2018 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад