Дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин «Маркази Тоҷикистон» таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 14.04.2018./АМИТ «Ховар»/. Аз 1-уми сентябри соли равон дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин омӯзиши забони тоҷикӣ ба роҳ монда, ҳамзамон «Маркази Тоҷикистон» таъсис дода мешавад. Дар ин бора 11 апрели соли 2018 зимни мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо роҳбарияти ин донишкада мувофиқа ҳосил гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба аҳамияти таъсиси «Маркази Тоҷикистон» дар Донишгоҳи мазкур, ки дар ҳошияи он омӯзиш ва тарғиби забони тоҷикӣ, муаррифии фарҳангу таърихи миллати тоҷик, расму русум ва анъанаҳои суннатии мо, ҳамчунин муқаддасоти миллӣ, дастовардҳову ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳанд шуд, таъкид намуданд.
Парвиз Давлатзода изҳор дошт, ки Сафорати Тоҷикистон дар амри пешбурди фаъолияти густурдаи Марказ баҳри дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омӯзиши забону фарҳанги тоҷикон дар ин донишгоҳи бонуфузи чинӣ ҳамаҷониба мусоидат ҳохад кард.









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






