Дар Душанбе Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел бахшида ба 25-солагии таъсисёбии низоми миллии моликияти зеҳнӣ дар Муассисаи давлатии «Душанбе плаза» бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, ихтироъкорон, намояндагони идораҳои патентии ИДМ, Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ Конференсияи байналмилалӣ ва Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» Намоишгоҳи дастовардҳои ихтироъкорони ҷумҳуриро дар шакли лавҳаҳо (банер), варақаҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоту экспонатҳо баргузор намуд.
Як қатор ихтироъкорони ҷумҳурӣ, ки саҳми босазои худро дар рушди соҳаи ихтироъкорӣ гузоштаанд, бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, ихтироъкорон Ҷаҳон Азонов, Суҳбатҷон Баҳриев ва Саидилҳом Аҳмадзода бо мукофоти олӣ «Нишони фахрӣ»-и Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии металлургӣ»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик «ТалКО» бо медали тиллоии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ ба номи В.И. Блинников «Барои саҳм гузоштан дар фаъолияти ихтироъкорӣ» ва Мансур Қурбонов, номзади илмҳои кимиё, ходими калони илмии Маркази инноватсионии биологияи ва тиббии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи дуюм баргузор шуда, мақсади асосии он тарғибу ташвиқи масъалаҳои марбут ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ихтироъкорону навоварони ҷумҳурӣ мебошад.











Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






