Дар ноҳияи Рӯдакӣ ду бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 09.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Мингичари Ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ду бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ба истифода додани биноҳо роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, Сафорати Франсия дар Тоҷикистон ва сокинони деҳот иштирок намуданд.
Бунёди ин биноҳои муосири таълимӣ дар ин ҷамоат нишони пуштибонӣ аз иқдомҳои созандаю ободонии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби шарикони рушд дар самти сохтмони иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад. Зеро мактаби нав бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби 56 донишҷӯи Донишгоҳи сохтмонии Англетаи Франсия бо харҷи 1 млн. сомонӣ аз ҳисоби стипендияи солонаи худ ҳамчун кори дипломӣ дар тӯли 50 рӯз бунёд гардидааст. Хатмкунандагони мактаби олии сохтмонӣ ин биноҳоро бо масолеҳи сохтмонии аз ҷиҳати экологӣ тоза ба таври замонавӣ бунёд намуданд, ки ба тамоми талабот ҷавобгӯ мебошанд. Илова бар ин, муассисаи мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо мизу курсӣ, ҷевонҳои китоб, тахтаҳои синфӣ, компютер ва принтерҳо таъмин карда шуд.
Биноҳои нав якошёна ва дорои 6 синфхона буда, дар онҳо илова ба фанҳои асосии таълимӣ, инчунин маҳфили ҳунарҳои миллӣ ташкил карда шудааст. Биноҳои иловагӣ барои 300 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, ба онҳо омӯзгорони соҳибкасб таълиму тарбия медиҳанд. Тавре масъулини соҳаи маорифи ноҳия зикр намуданд, бинои қаблии мактаб дар натиҷаи фаъолияти тӯлонӣ кӯҳнаю фарсуда шуда, зарурати бунёди таълимгоҳи нав ба миён омада буд.
Дар суҳбат бо толибилмони мактаб роҳбарияти ноҳия онҳоро ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз ҷумла, забони давлатӣ ҳидоят намуданд. Зеро аксари хонандагони мактаб ӯзбекзабон мебошанд ва донистани забони давлатӣ барои онҳо ҷиҳати идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ ва дарёфти кор хеле муҳим аст.
Иштирокдорон баъди шиносоӣ бо шароити синфхонаҳои ин муассисаи таълимӣ аз намоиши ҳунарҳои анъанавӣ ва урфу одатҳои аҷдодӣ, ки дар саҳни бинои муассиса сокинони деҳоту ҷамоати ноҳия ташкил карда буданд, дидан карданд. Меҳмонон ба ҳунарҳои дастии тоҷикону ӯзбекон, ки дар ин ҷамоат аҳлонаву дӯстона умр ба сар мебаранд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар намоишгоҳ намунаи ҳунари ҳунармандони ин ноҳия, аз ҷумла, табақтарошӣ, қуроқу кашидадӯзӣ, лӯхтакдӯзӣ, атласу адрасбофӣ, кулолгарӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Сипас, бо иштироки омӯзгорону сокинони ин деҳот ҷамъомад доир гардид. Муовини якуми Вазири маориф ва илми мамлакат Раҳматулло Мирбобоев ифтитоҳи бинои нави мактабро ба аҳли муассиса табрик гуфта, оид ба дастовардҳои соҳаи пешбарандаи ҷомеа-мактабу маориф, талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат баҳри беҳдошти шароити иҷтимоии мардум ибрози андеша намуд.











Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






