Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи оғоз гардидани «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ», ки 23-29 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷамъомад муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, Сардори Намояндагии Хазинаи Кудакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучиано Калестини, Сардори Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич, намояндагони як зумра идораҳои марбута ва кормандони соҳаи тиб иштирок намуданд.
Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зимни суханронии худ зикр кард, ки ҳамасола бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва бо иқдоми бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» гузаронида мешавад.
Сардори Намояндагии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич дар навбати худ изҳор дошт, ки гузаронидани «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» барои ҷалб намудани диққати аҳолӣ ба эмгузаронӣ ҳамчун яке аз усулҳои асосии пешгирикунандае, ки инсонро аз бемориҳои сирояти эмин нигоҳ медорад, маънидод мегардад. Мақсади «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» пешгири намудан ва муҳофизат кардани кӯдакон аз сироятёбӣ мебошад».
Бояд гуфт, ки ҳамасола «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» ба мавзӯъҳои гуногун бахшида мешавад. Соли равон ҳафтаи мазкур ба мавзӯи «Ваксинаҳо амал мекунанд» бахшида шудааст.
Эмгузаронӣ ҷиҳати пешгирии маризиҳои фалаҷ ва гепатити В, бемории сил, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз, гемофилии типи b, гепотити В, фалаҷ ва сирояти ротавирусӣ, сурхча, гулафшон ва дигар бемориҳои сироятӣ барои кӯдакони то 6-сола пешбинӣ шудааст.








Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид






