«Дастрасӣ ба иттилооти судӣ», — семинари омӯзишӣ дар вилояти Суғд
ХУҶАНД. 28.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. – «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ» — таҳти ин мавзӯъ дирӯз дар бинои Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанди Суғд бо иштироки намояндагони Суди Олии кишвар, кормандони судҳои шаҳру навоҳии вилоят ва рӯзноманигорон семинари омӯзишии дурӯза оғоз гардид.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз рафти семинар иттилоъ медиҳад, семинари мазкур аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон — Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид ташкил гардида, иштирокдорони он давоми ду рӯз ( 27 ва 28 апрел) оид ба табодули таҷрибаи миллӣ ва ҷаҳонӣ оид ба дастрасӣ ба иттилоот, заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории судҳо ва ВАО, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судҳо ва ахбори омма, маълумот гирифта, байни ҳам табодули назар менамоянд.
Тавре дар оғози кори семинар мудири бахши иттилооти назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳрӯз Шафо баён дошт, баргузории семинари омӯзишӣидар инъикоси фаъолияти суд, дастрасии рӯзноманигорон ба иттилоот ва иттилоънокии ҷомеа нақши муҳим дорад. Зикр шуд, ки лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ» баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва инъикоси баррасии парвандаҳои судии дорои аҳамияти ҷамъиятӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ ва марказҳои матбуотӣ равона карда шудааст.
Ҳамчунин дар семинар корманди калони илмии Донишкадаи фалсафаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия, номзади илмҳои фалсафа Сергей Чижков ва менеҷери барномаи Волоияти қонуни ташкилоти ПРООН дар Тоҷикистон Саидаҳмад Икромов иштирок намуда, зикр карданд, ки лоиҳаи мазкур ба такмили фаъолияти мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастрасӣ ба иттилооти боэътимод ва саривақтӣ оид ба фаъолияти судҳо, инчунин мусоидат ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, роҳандозӣ гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






