ДУШАНБЕ БА ҚАТОРИ 10 ШАҲРИ ДАР АЙЁМИ БАҲОР БАРОИ САЙЁҲӢ МУНОСИБИ ИДМ ШОМИЛ ГАРДИД!
ДУШАНБЕ, 19.04.2018./АМИТ «Ховар»/. Бино ба натиҷаҳои ҳамапурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. Дар ин бора дар сомонаи агентии мазкур хабар дода шудааст.
Ба гузориши «ТурСтат», дар охирҳои апрел ва аввалҳои моҳи майи имсол, ки дар Россия чанд рӯз таътил аст, Душанбе яке аз шаҳрҳое аст, ки гардишгарони рус барои сипарӣ кардани рӯзҳои истироҳати худ ба он ҷо сафар мекунанд.
Қабл аз ин ҳам расонаҳои Россия аз афзоиши тамоюли шаҳрвандони ин кишвар барои сафари туристӣ ба Тоҷикистон хабар дода буданд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, феълан тамоми муассисаҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе – китобхонаву осорхона ва боғҳо ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид карда шудаанд.
Хотиррасон менамоем, ки соли 2018 дар Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуда, сарпарастии соҳаи мазкурро Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бар ӯҳда гирифтааст.
Дар ростои иҷрои барномаҳои ин сол, қарор аст то соли 2020 беш аз як миллион сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кунанд.













Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст






