Душанбегиҳо Рӯзи пойтахтро бо сайругашти идона ва мусобиқоти варзишӣ истиқбол менамоянд

Апрель 18, 2018 16:46

ДУШАНБЕ, 18.04.2018 /АМИТ  «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҷмӯи чорабиниҳои  гуногуни фарҳангию варзиширо тарҳрезӣ намудааст.

Тавре аз Раёстаи иттилоот ва робитаҳои хориҷии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  21 апрел  дар боғҳои фарҳангию фароғатии чор ноҳияи пойтахт — боғҳои ба номи Садриддин Айнӣ, Александр Мироненко, «Дӯстии халқҳо» ва  Майдони  «800-солагии Москва»  сайругашти оммавии сокинону меҳмонони Душанбе, инчунин намоиш-фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти қаннодию кулчагӣ ташкил карда шуда, мутрибон ва овозхонҳои дастаҳои ҳунарии пойтахт бо шеъру тарона барои сокинони пойтахт ва меҳмонони он базми бошукӯҳи идона барпо менамоянд.

Инчунин дар Рӯзи пойтахт дар саҳни майдони «Кохи Наврӯз» дӯстдорони мошинҳои қадимаро намоиши намунаҳои гуногуни мошинҳое, ки санаи  бароришашон  ба  қарни 20 рост меояд —  «Авторетро -2018» интизор аст.

Истиқболи Рӯзи пойтахт бидуни баргузории  мусобиқоти варзишӣ тасаввурнопазир аст. Дар ин росто, роҳбарияти Мақомоти иҷрояи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе  тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори  Рӯзи пойтахт —   21 апрел   Ниммарафони байналмилалӣ баргузор намояд. Интизор меравад, ки дар он намояндагон -варзишгарони беш аз 20 давлати ҷаҳон ширкат варзанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз соати 14:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» пойгаи аспдавонӣ баргузор карда мешавад.

Шоми 21 апрел дар Муассисаи фарҳангию фароғатии «Аҳорун» (Амфитеатр)  барномаи фарҳангӣ бо иштироки роҳбарияти пойтахт ва сокинон баргузор гардида, дар он ғолибони мусобиқоти идона ва   озмунҳои шаҳрӣ бо мукофоту туҳфаҳои  хотиравӣ сарфароз мегарданд.

 

 

Апрель 18, 2018 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад