ДЗЮДО: Ёқубҷон Назиров дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия соҳиби медали тилло гардид!
ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони ҷавони тоҷик Ёқубҷон Назиров 14-15 апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон иштирок намуда, соҳиби медали тилло гардид.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ёқубҷон дар вазни -90 кг дар даври муқаддамотӣ ҳарифонаш Деймон де Вос (Голландия) ва Имеда Гоголадзе (Грузия)-ро мағлуб карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар нимфинал Санширо Мурао аз Япония ва дар финал варзишгари дигари голландӣ Том Бонешанскарро шикаст дода, медали тиллои мусобиқаро ба даст овард.
Бояд зикр кард, ки дар мусобиқаи мазкур 259 варзишгар аз 16 давлати ҷаҳон иштирок карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баробари Ёқубҷон Назиров 7 варзишгари дигар — Мулораҷаб Халифаев, Суруш Тавакалов (-66 кг), Сомон Маҳмадбеков, Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Хушвақт Идиев, Файзалӣ Маҳмадов (-81 кг) ва Темур Маҳмадов (-90 кг) намояндагӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳисоби даставӣ дастаи мунтахаби Россия бо 8 медали тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Дастаи мунтахаби Япония бо 5 медали тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Озарбойҷон бо 1 медали тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ ҷойи сеюмро ишғол карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали тилло ва 1 ҷои ҳафтум дар мақоми панҷум ҷой гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






