Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид

Апрель 14, 2018 12:34

ДУШАНБЕ, 14.04.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор  гардид. Онро Раиси Кумитаи тадорукот, Сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон Қоҳир Расулзода доир намуд.

Дар оғози кори ҷаласа Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки даҳсолаи нави амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст, бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҷаҳони имрӯза масъалаи об аз масоили асосӣ ва рӯзмарра ба шумор меравад. Барои рушди устувор, саломатии инсонҳо, таъмини амнияти экологӣ ва пешрафти иқтисодӣ дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, санитария, истифодаи оқилонаи захираҳои об  аҳамияти бузург доранд.

«Аз ин лиҳоз, даҳсолаи амал  оид ба об  барои муттаҳид ва ҳамоҳанг сохтани кӯшиши давлатҳо ва созмонҳо ҷиҳати ҳалли мусбати масоили зикршуда  тавассути  роҳандозии барномаҳо ва амалисозии лоиҳаҳо имконияти зиёд фароҳам меорад. Аз ҷумла, Конференсияи қарибулвуқӯи сатҳи баланд дар Душанбе ба таҳкими  ҳамкориҳо дар сутӯҳи гуногун ҷиҳати ба даст омадани Ҳадафҳои Рушди Устувор ва иҷрои дигар мақсаду вазифаҳои вобаста ба об мусоидат хоҳад кард», — зикр намуд  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Роҷеъ ба рафти амалисозии Нақшаи тадбирҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳисобот дод. Тавре ӯ зикр намуд, ҳайатҳои расмӣ ва босалоҳияти Тоҷикистон дар ҳамаи чорабиниҳои вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ширкат мекунанд. Қабл аз ҳама метавон аз ҳамоиши сатҳи баланд  оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар доираи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк  22 марти ҳамин сол баргузор гардид, ёдовар шуд. Дар он ташаббускори  даҳсолаи байналмилалӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин Вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат Усмоналӣ Усмонзода дар конференсияи вазирони Форуми 8-уми ҷаҳонии об, ки 19-20 март дар шаҳри Бразилиаи Ҷумҳурии Федералии Бразилия доир шуд, ширкат намуд.

Сироҷидин Аслов иттилоъ дод, ки феълан сомонаи расмӣ ва котиботи Конференсияи байналмилдалии сатҳи баланд фаъолият мекунанд, ба роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, СММ ва дигар созмонҳои дахлдори байналмилалӣ, коршиносони бонуфузи масоили об  даъватнома ирсол гардид. То имрӯз президентҳо ва роҳбарони ҳукуматҳои чанд давлати дунё барои ширкат изҳори омодагӣ намуданд. Дар конференсияи Душанбе якбора се муовини Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ширкат менамоянд, ки яке аз онҳо бевосита ба кори конференсия роҳбарӣ хоҳад кард.

Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва Вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода аъзоёни Кумитаи тадорукотро оид ба  замону  макон, тарзи баргузорӣ ва харҷномаи барномаву тадобири дарпешистода, ки дар доираи Конференсияи байналмилалӣ дар Душанбе баргузор мегарданд,  шинос намуданд.

Дар интиҳои кори ҷаласаи Кумитаи тадорукот Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор  ҷиҳати сари вақт ва дар сатҳи баланд ба иҷро расонидани супоришҳои ба зимаашон вогузоршуда оид ба омодагӣ ва баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд, ки 20-22 июни соли 2018 дар Душанбе доир мегардад, супоришҳои мушаххас дод.

Апрель 14, 2018 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад