ИМРӮЗ-РӮЗИ ПОЙТАХТ! Душанбе – шаҳри меҳру шаҳри дӯстӣ
ДУШАНБЕ, 21.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 апрел сокинони Душанбе Рӯзи пойтахтро дар фазои идона, сулҳу субот, сарҷамъию ваҳдат, дӯстиву рафоқат ва умед ба фардои дурахшони сарзамини офтобӣ — Тоҷикистон таҷлил менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки Рӯзи пойтахт тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар чор ноҳияи шаҳр, бахусус боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе бо баргузории базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ таҷлил мегардад.
Ҳамзамон дар Рӯзи пойтахт маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандони асилу чирадаст ва устоҳои моҳир дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази намоиш гузошта мешаванд.
Душанбе гарчанде шаҳри ҷавон аст, вале ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии соҳибистиқоли Тоҷикистон хонаи умеди тоҷикистониён ва кули тоҷикони ҷаҳон маҳсуб ёфта, дар худ таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдории тоҷиконро ҷой додааст.
Пойтахти кишварамон шаҳри зебои Душанбе, ки дар водии Ҳисор дар баландии 750-930 метр аз сатҳи баҳр дар ду ҷониби дарёи Душанбе -қисмати болооби рӯди Варзоб дар масоҳати 126,6 км мураббаъ доман густурда, ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз марказҳои бузурги маъмурӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Иқлими Душанбе хушк буда, аҳолияш ба ҳолати 1 январи соли 2016 беш аз 800 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Душанбе аз чор ноҳияи маъмурӣ — Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино иборат буда, дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба яке аз шаҳрҳои зебоманзари диданӣ ва барои сайёҳони хориҷӣ дастрас табдил гардид. Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки тибқи натиҷаҳои ҳамапурсии агентии таҳлили «ТурСтат»-и Россия, шаҳри Душанбе –пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ шомил шуд.
Зеро дар ин рӯзҳои зебои баҳорӣ Душанбе қабои сабзгуни баҳорона ба бар намудааст ва сайругашт дар хиёбону гулгаштҳо ва боғҳои истироҳатии пойтахти кишварамон –шаҳри хурраму сарсабзи Душанбе, ки бо меҳнати шабонарӯзаи кормандони ниҳодҳои ободонию сабзгардонии пойтахт ва сокинонаш дар асоси ташаббусҳои бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ беш аз пеш сабзу хуррам ва ободон мегарданд, на танҳо барои сокинони пойтахт, балки барои тамоми меҳмонону сайёҳоне, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба пойтахти Тоҷикистон меоянд, фараҳафзо ва хотирмон аст.
Бояд тазаккур дод, ки Душанбе шаҳри дӯстиву рафоқат буда, дар он дар радифи тоҷикон, ки наздик ба 90 фоизи аҳолии Душанберо ташкил медиҳанд, инчунин ӯзбекҳо 6,7%, русҳо – 2,6% ва дигар миллатҳо – 1,2% дӯстона дар асоси арзишҳои ҳамзистии осоишта ва таҳаммулпазирӣ кору зиндагӣ менамоянд. Инчунин, шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 16 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Америка, Африқо ва ИДМ аҳди бародаршаҳрӣ бастааст:
Клагенфурт — Австрия: Робитаҳои шарикӣ байни шаҳрҳо соли 1972 барқарор гардида, 22 марти соли 1989 Протокол дар бораи ҳамкорӣ байни Магистрати шаҳри Клагенфурт ва шаҳри Душанбе дар доираи робитаҳои якҷояи бародаршаҳрҳо ба имзо расид. 13 марти соли 1993 Протокол оид ба ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурт барои солҳои 1993-1994 ба имзо расид.
Боулдер- Амрико:8 майи соли 1987 Созишнома доир ба паймони бародаршаҳрӣ ба имзо расида, 10 октябри соли 1988 Протокол дар бораи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Боулдер барои солҳои 1989-1990 ба имзо расидааст.
Ройтлинген- Олмон: Протокол дар бораи барқарор намудани робитаҳои дўстӣ, шарикӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Ройтлинген 24 марти соли 1990 ба имзо расида, Созишнома дар бораи бародаршаҳрии ду шаҳр 5 октябри соли 1991 ба имзо расидааст.
Санкт –Петербург- Россия: 6 октябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе Созишнома оид ба бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Санкт-Петербург ба имзо расид. 30 апрели соли 1999 Созишномаи нав дар бораи паймони бародаршаҳрӣ ва Созишнома байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ имзо шуд.
Теҳрон- Эрон: Июли соли 1995 Протокол оид ба бародаршаҳрӣ ба имзо расида, 12 марти соли 2001 дар шаҳри Теҳрон Созишномаи нав дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва Протокол дар бораи паймони бародаршаҳрии Душанбе ва Теҳрон имзо гардид.
Шероз –Эрон:16 феврали соли 1992 Шартнома оид ба бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Шероз ба имзо расида, 12 марти соли 2001 Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва паймони бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Шероз ба имзо расидааст.
Минск-Беларус: 21 июли соли 1998 дар шаҳри Минск байни Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Шартнома дар бораи паймони бародаршаҳрии шаҳрҳо ва Созишнома байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст.
Мазори Шариф-Афғонистон: 13 июли соли 1991 Протокол дар бораи паймони бародаршаҳрии шаҳрҳои Мазори Шариф ва Душанбе ва Созишнома дар бораи барқарор намудани ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо расид.
Урумчӣ- Чин: 31 августи соли 1997 Созишнома байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Урумчӣ дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст. Созишнома оид ба барқарор намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Урумчӣ 10 сентябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.
Сямэн-Чин: 20 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Халқии шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба имзо расидааст.
Лаҳор-Покистон: 15 сентябри соли 1976 дар шаҳри Душанбе баимзорасии дуҷонибаи Протокол дар бораи паймони бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Лаҳор баргузор гардид.
Санъо-Яман: Шартнома дар бораи бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санъо 25 июни соли 1967 имзо шуда, 7 апрели соли 1988 дар шаҳри Душанбе Протокол дар бораи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Сана ба имзо расидааст.
Монастир-Тунис: 24 ноябри соли 1967 Протокол дар бораи бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Монастир ба имзо расид.
Лусака-Замбия: Робитаҳои бародаршаҳрӣ бо шаҳри Лусака дар моҳи августи соли 1966 барқарор карда шуда, 11 январи соли 1989 дар шаҳри Лусака Меморандум дар бораи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Лусака ба имзо расидааст.
Анқара-Туркия: Санаи 11 декабри соли 2003 дар шаҳри Анқара Декларатсияи муштарак дар бораи бародаршаҳрӣ ва Созишнома дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Мунитсипалитети шаҳри Анқара ба имзо расид.
Ашқобод-Туркманистон: Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Ашқобод дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод 2 ноябри соли 2017 дар Душанбе ба имзо раоснида шуд.
Ҳамчунин пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо шаҳри Москваи Федератсияи Россия пайваста дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд. Ин аст, ки 13 октябри соли 1994 дар шаҳри Москва байни Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Москва Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст.
Ҳамзамон 29 ноябри соли 1996 дар шаҳри Москва байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Москва Созишномаи нав оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст. Инчунин зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе Созишномаи ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ ба имзо расид. Ҳамчунин пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аъзои Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Созмони байналмилалии бародаршаҳрҳо, Созмони Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо, Созмони ҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»