Комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: «Дар Балҷувон хонаҳо аз фарсудагӣ хароб шудаанд»
ДУШАНБЕ, 09.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сарварии муовини аввали раиси Кумита Рустам Шоҳиён ба Балҷувон ҷиҳати боздиди хонаҳои бар асари заминларза зарардида сафар карда буд, натиҷаи диду боздид ва таҳқиқро хулоса кард.
Тавре аз Кумита ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, аксари хонаҳои харобшуда солҳои 80-и асри гузашта бидуни риояи қоидаҳои зиддизаминларза сохта шуда, то имрӯз онҳо аслан таъмир ҳам нашуда будаанд. Як сабаби харобӣ кӯҳнагиву осебпазир будани ин биноҳо буд. Вагарна заминларза бо қувваи 3-4 балл наметавонад хонаҳоро валангор кунад.
Тавре пештар хабар дода будем, 30 марти соли равон дар қаламрави мамлакат заминларзаҳо ба қайд гирифта шуданд. Дар маълумоте, ки қаблан ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расида буд, гуфта мешуд: «Бар асари чанд маротиба такон хӯрдани замин дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон 62 хона зарар дид. Аз ин 62 хона 7 хона дигар барои зиндагӣ қобили истифода нест ва ҳатто зистан дар онҳо хатар дорад».
Бо мақсади дақиқ муайян кардани вазъ ва ташхиси хонаҳои зарардида аз ҷониби раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гурӯҳи корӣ созмон дода шуда, фавран ба маҳалли офат сафарбар гардид. Гурӯҳи корӣ бо хонаҳои сокинони деҳаҳои Пештова, Сафедоб, Гулзамин, Сиёҳтут, Султонвайсӣ, Шингдара, Муллохконӣ, Шипдара, Аспирингон, Уланг ва Ниҳолаки Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон шинос шуд.
Таҳқиқи ҳамаҷониба нишон дод, ки ҳамаи хонаҳои мавриди тафтиш қароргирифта аз сабаби кӯҳнаву фарсуда будан осеб дидаанд ва бинобар аз гил сохта шуданашон қисман фурӯ рафтаанд. Ин хонаҳои истиқоматӣ бе гузаронидани корҳои зиддизаминларза ва бе пойдевори мустаҳкам сохта шуда будаанд. Ҳамчунин таҳқиқ нишон дод, ки баъзе тарқишҳо дар ин хонаҳо бар асари боришот пештар аз заминларза ба вуҷуд омадаанд. Манзилҳои мазкур охирҳои солҳои 80-и асри гузашта бунёд шуда будаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






