Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириёнро қадрдонӣ намуд

Апрель 19, 2018 17:34

ДУШАНБЕ, 19.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Паҳлавони маъруфи тоҷик  Комроншоҳи Устопириён барои ба даст овардани медали тиллои Гран Прии Анталия — 2018 аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо қарори бюрои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо Комроншоҳи Устопириён барои ба даст овардани медали тиллои Гран Прии Анталия-2018, ки 6-8 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор гардид, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 доллари ИМА қадрдонӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳи  Устопириён дар ин мусобиқа дар вазни -90 кг дар даври муқаддамотӣ бар ҳарифонаш Самулӣ Виитанен аз Финляндия, Колтон Броун аз ИМА ва дар нимфинал бар Муҳаммадалӣ Меҳдиев аз Озарбойҷон ғолиб омада, ба финал роҳ ёфт. Дар қувваозмоии ниҳоӣ қаҳрамони феълии ҷаҳон Неманҷа Маҷдови сербиро шикаст дода, сазовори медали тилло гардид. Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ дар раддабандии вазни 90 килои Федератсияи ҷаҳонии дзюдо аз ҷои ҳафтум ба ҷои чорум баромад.

Комроншоҳ рӯзи 17 апрел аз Истанбул ба Душанбе баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе масъулини соҳа ва наздикону ҳаводоронаш пешвоз гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки Комроншоҳи Устопириён аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ дар ҳаҷми 700 доллари ИМА бархӯрдор буда, ҳамзамон дар радифи як зумра варзишгарони маъруф ва собиқадорони соҳаи варзиши кишвар стипендияи моҳонаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро дар ҳаҷми 400 сомонӣ дарёфт мекунад.

 

Апрель 19, 2018 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид