Лионел Месси сафири масъул оид ба туризми СММ таъйин гардид

Апрель 10, 2018 10:33

ДУШАНБЕ, 10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари аргентинии дастаи фулболи «Барселона» Лионел Месси сафири масъул оид ба туризми Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳии СММ (UNWTO) таъйин шуд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, таъйиноти Мессиро котиби кулли UNWTO Зураб Пололикашвили пас аз бозии шанбегии «Барселона» — «Леганес» дар варзишгоҳи «Камп Ноу» эълон намуд.

«Саёҳат ҳамеша ба ман имкон медиҳад, ки бо фарҳангу ҷомеаи дигар ошноӣ пайдо кунам, чунончи тарзҳои дигари дидани ҷаҳон, тавре ман фикр дорам, таассуроти инсонро хеле ғанӣ мегардонанд. Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳии СММ дар он самт фаъолият мекунад, то ки туризм манбаи рушд гардад. Ман хеле хушҳолам, ки ба ин кор пайвастам», — мегӯяд Мессии 30-сола.

Бино ба гуфти Пололикашвили, Месси — варзишгари беҳамтост ва ин мисоли он аст, ки неруву матонат ва талоши пайваста ҳамеша натиҷаи хуб медиҳанд. Месси 8 карат қаҳрамони Испания дар ҳайати «Барселона», 5 маротиба барандаи Ҷоми Испания ва 4 бор ғолиби  Лигаи Аврупо гаштааст.

Апрель 10, 2018 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд