МАҲФИЛИ ЁДБУДИ ДӮСТМУРОД АЛИЕВ. 29 сол қабл, сарояндаи маҳбуб бар асари беморӣ аз олам даргузашта буд…

Апрель 19, 2018 11:37

ФАЙЗОБОД, 19.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар қасри  фарҳанги  ноҳияи Файзобод   ҷиҳати поси  хотираи   Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев маҳфили ёдбуд доир гардид. Дар он ҳунармандон, ёру дӯстон ва мухлисони шодравон аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.  Гузориши хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар ин бора.

Дар маҳфили мазкур “дӯстмуродхонҳо”-и ноҳияи Файзобод, дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва шогирдони мактаби мусиқии ба номи Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод як силсила сурудҳои марғубу дилнишини  сарояндаи хушадоро, аз қабили «Гулбарги рӯи ман», «Шаршараи мӯи ту», «Оғози ишқ», «Чаро шабҳо нишинам», «Чашми тоҷик», «Моҳи Файзобод» ва  ғайра сароиданд.

Шоир ва рӯзноманигор Ҷӯрабек Муъмин  зикр намуд, ки Дӯстмурод Алиев мисли санъаткорони машҳури Тоҷикистон Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, Нигина Рауфова,Тоҷиддин Муҳиддинов аз сарояндагони сермаҳсултарини кишвар аст.  Ӯ қариб дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон шогирдону пайравони худро дорад. Пирхон Файзуллоев аз ноҳияи Кӯшониён, Амриддин Кабирӣ аз шаҳри Бохтар, Сироҷиддин Каримзод аз шаҳри Душанбе, Маҳкам Мӯсоев аз ноҳияи Колхозобод, Мирзо Сафаров, Авлиёқул Хидиров, Абдуҷаббор Зикруллоев содиқтарин шогирдону пайравони ӯянд, ки бо услуби ӯ месароянд. Ба қавли мухлисони садои Дӯстмурод, суруди ӯ шабеҳи навои чашмасорон, хониши мурғони хушилҳон ва мавҷи чашмгири ғаллазорони Тоҷикистон аст.

Дӯстмурод Алиев 16 апрели соли 1950 дар деҳаи Кабкрези ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1974   факултети маданию маърифатии Институти давлатии санъати Тоҷикистонро хатм кардааст.  Аз соли 1975 то охири умр роҳбари бадеии дастаи ҳунарии Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод буд. Дӯстмурод Алиев дар айни камолоти ҳунарӣ 19 апрели соли 1989 бар асари беморӣ аз дунё даргузашт. Дӯстмурод Алиев мусаннифи зиёда аз 60 суруду таронаҳост.   Дар фонди тиллои Радиои Тоҷикистон танҳо 25 сурудаш  боқӣ мондааст. Асоси  барномаи ӯро мавзӯъҳои мухталифи замони мо доир ба васфи Ватану меҳнат, диёри хушманзар, фидокориҳои мардуми шуҷоатманди мо, тараннуми муҳаббати поки инсонӣ ва ғайра ташкил медиҳанд. Сурудҳои Дӯстмурод Алиев «Баҳор омад» (шеъри халқӣ), «Махзани дурдона» (шеъри Абдумалик Баҳорӣ), «Моҳи рухсорат» (шеъри Сайидои На сафӣ), «Моҳи Файзобод» (шеъри Усмон Шарифзода), «Ноз», «Мастона ба ноз омадаӣ» (шеъри Кошифи Самарқандӣ), «Садқаи чашмони ту» (шеъри  ҲайратШанбезода), «Савсани Ҳусн» (шеъри Абдуҷалил Воситзода) «Туро ман дӯст медорам» (шеъри Лоиқ Шералӣ) аз таронаҳои писандидаи мардуманд.

Дӯстмурод Алиев чун актёр низ дар чандин  намоишҳои якпардагӣ   нақшҳо офаридааст, ки беҳтаринашон Зиёпонсад («Оилаи аскар»-и Т. Аҳмадхонов), Ориф («Бародарон»-и С. Саидмуродов), Эшони Иллоанта («Иллоанта»-и А. Атобоев) мебошанд. Соли 1984 ба  Афғонистон   сафари ҳунарӣ анҷом дода буд.

Дар ноҳияи Файзобод мактаби санъати ноҳия ва як ҷамоати деҳот  номи Дӯстмурод Алиевро доранд. Дар зодгоҳаш деҳаи Кабкрез, наздик ба роҳи Ваҳдат – Файзобод нимпайкараи сароянда гузошта шудааст.

Соли 1990, баъди як соли фавти Дӯстмурод дар Файзобод нахустин маҳфили “Дӯстмуродхонӣ” ташкил шуд, ки пайравонаш аз Ҷайҳуну Ҷалолиддини Балхӣ, аз Кӯлобу Вахшу Нораку Ёвон ва Лахшу Рашту Тоҷикобод, аз  дигар гӯшаҳои Тоҷикистон дар ин маҳфил иштирок доштанд ва ҳамасола мухлисону шогирдони мактаби Дӯстмурод  ба маҳфили хотирааш  омада, рӯҳи ӯро шод мегардонанд.

Фарзанди ин ҳунарманди зиндаёди тоҷик Наврӯз Алиев айниҳол дар Ансамбли “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси овозхон кору фаъолият менамояд.

 

 

Апрель 19, 2018 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст