Мулоқоти Музаффар Ҳусейнзода бо аъзои Парлумони Словакия
ДУШАНБЕ, 23.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрели соли равон дар пойтахти Словакия — шаҳри Братислава муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо аъзои Маҷлисии миллӣ (Парлумон)-и Словакия таҳти роҳбарии раиси Гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Словакия Петер Марчек мулоқот кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба роҳандозӣ ва тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба зарурати табодули боздидҳои мутақобилаи вакилони мардумии ду кишвар ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Музаффар Ҳусейнзода изҳори умедворӣ кард, ки ҷониби Словакия дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез (Душанбе, 3-4майи соли 2018) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 (Душанбе, 20-22 июни соли 2018) фаъолона ширкат менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






