Муштзанони ҷавони тоҷик дар Бангкок соҳиби 2 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тими ҷавонони кишвар оид ба бокс дар Чемпионати Осиё-2018 дар шаҳри Бангкоки Тайланд сазовори ду медал гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар доданд, рақобатҳо аз рӯи 10 вазн миёни писарон ва 10 вазн миёни духтарон аз 21 то 27 апрел сурат гирифтанд. Варзишгарбонуи тоҷик Идимоҳ Холова дар вазни 64 кило миёни духтарон сазовори медали нуқра ва Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов дар вазни 75 кило миёни писарон сазовори медали биринҷӣ шуданд.
Ҳамчунин дар доираи Чемпионати Осиё миёни ҷавонон оид ба бокс дар Бангкок тими Тоҷикистон аз Конфедератсияи бокси Осиё таҷҳизоти варзишӣ дарёфт намуд. Аз чунин кумаки моддӣ дар доираи чемпионату мусобиқаҳо оид ба бокс соли 2017 14 давлат бархӯрдор шуда буданд. Ин кумак имсол низ ба дигар кишварҳо дастрас мегардад.









«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






