Ғолибони пойгаи аспдавонӣ маълум шуданд
ДУШАНБЕ, 23.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи бузкашӣ ва пойгаи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахт мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарон бо беш аз 80 аспи зоти хуби тоҷикиву англисӣ аз корхонаҳои соҳавии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Чобуксаворон дар масофаҳои 1000 метр, 1600 метр ва 2000 метр миёни ҳам сабқат намуданд. Мусобиқа дар 8 марҳила сурат гирифта, дар марҳилаи якум, ки масофаи 1000 метрро ташкил медод, ғолибият насиби асп бо лақаби «Рамз» аз Шермуҳаммад Шоҳиён гардид. Вақти нишондодаи «Рамз» 1 дақиқаю 09 сонияро ташкил дод.
Дар марҳилаи дуюм миёни аспҳои 3-солаи зоти англисӣ асп бо лақаби «Шерхан-дарк» аз Анӯшервони Рустам дар муддати як дақиқаю 40 сония масофаро паймуда, зинаи аввалро ишғол кард. Дар зинаи дуюм асп бо лақаби «Паймон» аз Сомонҷон ва дар зинаи сеюм асп бо лақаби «Горизонт» аз Хуршед Мирзо қарор гирифтанд.
Дар марҳилаи сеюм миёни аспҳои зоти англисӣ, ки Шоҳҷоиза гузошта шуда буд, бо камтарин тафовут ғолибият насиби аспи Ромиш Умаров бо лақаби «Ваксайд» гардид. Зинаи дуюм насиби «Рахш»-и Анӯшервони Рустам шуд. Ёдовар мешавем, ки фарқ миёни пешсафи пойга ва «Рахш» ҳамагӣ 0,5 сонияро ташкил дод.
Дар марҳилаи чорум миёни аспҳои 4 солаи зоти тоҷикӣ, ки дар масофаи 2000 метр баргузор шуд, «Энергетик» аз хоҷагии деҳқонии Дошмандии ноҳияи Файзобод ғолиб гардид.
Марҳидаи панҷум миёни аспҳои зоти ахалтекини дар масофаи 600 метр гузаронида шуд. Дар ин масофа асп бо лақаби «Тарнада» аз Муҳиддин Пиров бо нишондоди 1 дақиқаю 56 сония зинаи аввалро ишғол намуд.
Ғолиби марҳилаи шашум миёни аспҳои 3-солаи зоти тоҷикӣ дар масофаи 1600 метр аспи Парвиз Давлатов бо номи «Бомдод» гардид.
Дар марҳилаи ҳафтум дар масофаи 1000 метр миёни аспҳои зоти англисӣ ва ахалтекинӣ аспи Сарвар Қурбонов бо лақаби «Зайтун» ғолиб омад.
Дар марҳилаи ниҳоӣ аспҳои сину соли гунонуни зоти тоҷикӣ дар масофаи 2000 метр сабқат карданд. Миёни 15 аспе, ки дар ин масофа номнавис шуда буданд, асп бо лақаби «Звезда» аз хоҷагии деҳқонии Бегиҷони шаҳри Роғун аввалин шуда, ба марра расид. Ҳамин тариқ ба ғолибоне, ки сазовори зинаҳои ифтихорӣ шуданд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе медалу ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ тақдим гардиданд.








«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд






