Олимони Институти гуманитарии Академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бадахшон оид ба романи «Сарои санг»и Ато Мирхоҷа нишасти илмӣ баргузор намуданд
ХОРУҒ, 06.04.2018./АМИТ «Ховар»/. Як гуруҳи олимони Институти гуманитарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни баргузориии нишасти илмӣ назару андешаҳои худро оид ба романи таърихии «Сарои санг»-и шоир ва нависандаи шинохтаи кишвар Ато Мирхоҷа, ки ҷилди аввали он дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба нашр расид,изҳор намуданд.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Шодихон Юсуфбеков гуфт, ки дар ин роман ҳаёти сиесӣ, иҷтимоӣ, маишию фарҳангии тоҷикони Кӯҳистони Бадахшон дар асрҳои 18 — 20 бо забони соддаву фасеҳ, бо истифодаи ибораҳои рехта, ривоятҳои ҷолиби таърихӣ тасвир шудааст. Ҳангоми мутолиаи ин роман хонанда бо сиру асрори пайдоиши баъзе аз урфу одат, расму сунати қадимаи сокинони ин минтақа, саргузашти пирони кӯҳистон Шоҳи Хомӯш, Шоҳи Кошон, Шоҳ Маланг, Саид Юсуфалишоҳ, Саид Манзаршоҳ, шоирону ҳофизон ва паҳлавонони номии ин диёр маълумоти ҷолиб пайдо мекунанд.
Олим ва мутарҷим Нуриниссои Ризвоншо, ки ба тарҷимаи ҷилди аввали ин роман ба забони русӣ оғоз кардааст, изҳор намуд, ки ҳарчанд худаш солҳо боз ба омӯзиши лексография, этнографияи сокинони ноҳияҳои мухталифи Бадахшон машғул аст, аммо баъди мутолиаи ҷилди аввали ин роман барои худ маълумоти наву ҷолиб дарёфт намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






