Олимони Институти гуманитарии Академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бадахшон оид ба романи «Сарои санг»и Ато Мирхоҷа нишасти илмӣ баргузор намуданд

Апрель 6, 2018 19:00

ХОРУҒ, 06.04.2018./АМИТ «Ховар»/.  Як гуруҳи олимони Институти гуманитарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни баргузориии нишасти илмӣ  назару андешаҳои худро оид ба  романи таърихии «Сарои санг»-и шоир ва нависандаи шинохтаи кишвар Ато Мирхоҷа, ки ҷилди аввали он дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба нашр расид,изҳор намуданд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Шодихон Юсуфбеков гуфт, ки дар ин роман ҳаёти сиесӣ, иҷтимоӣ, маишию фарҳангии тоҷикони Кӯҳистони Бадахшон дар асрҳои 18 — 20 бо забони соддаву фасеҳ, бо истифодаи ибораҳои рехта, ривоятҳои ҷолиби таърихӣ тасвир шудааст. Ҳангоми мутолиаи ин роман хонанда бо сиру асрори пайдоиши баъзе аз урфу одат, расму сунати қадимаи сокинони ин минтақа, саргузашти пирони кӯҳистон Шоҳи Хомӯш, Шоҳи Кошон, Шоҳ Маланг, Саид Юсуфалишоҳ, Саид Манзаршоҳ, шоирону ҳофизон ва паҳлавонони номии ин диёр маълумоти ҷолиб пайдо мекунанд.

Олим ва мутарҷим Нуриниссои Ризвоншо, ки    ба тарҷимаи ҷилди аввали ин роман ба забони русӣ оғоз кардааст, изҳор намуд, ки ҳарчанд худаш солҳо боз ба омӯзиши лексография, этнографияи сокинони ноҳияҳои мухталифи Бадахшон машғул аст, аммо баъди мутолиаи ҷилди аввали ин роман барои худ маълумоти наву ҷолиб дарёфт намуд.

Апрель 6, 2018 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид