ҶОМИ КФО-2018: «Истиқлол» барои ба даст овардани се имтиёз ба Қирғизистон сафар намуд

Апрель 24, 2018 10:36

ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе бо 18 нафар футболбоз ва ситоди мураббиён ҷиҳати анҷом додани дидор бо дастаи «Алай»-и шаҳри Ош дар доираи бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар  намуд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд

Ба иттилои манбаъ, бозии байни дастаҳои  футболи  «Истиқлол» ва «Алай» дар варзишгоҳи марказии ба номи «Аҳматбек Суюмбоев»-и шаҳри Ош 25 апрел соати 13:00 баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи  футболи  «Истиқлол»-и Душанбе пас аз 3 давр бо касби 7 имтиёз садрнишини ҷадвали гурӯҳи «Е» мебошад. Дастаи футболи  «Алай»-и шаҳри Ош бидуни имтиёз дар зинаи охирини ҷадвал қарор дорад.

 

Апрель 24, 2018 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд