ПАНДИ ПИРИ ДОНО. Ба ёди адабиётшинос ва омӯзгори барҷаста Шарифҷон Ҳусейнзода

Апрель 12, 2018 11:25

ДУШАНБЕ, 12.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зодрӯзи адабиётшинос ва омӯзгори барҷастаи тоҷик устод Шарифҷон Ҳусейнзода мебошад. Соли гузашта аҳли илму адаби тоҷик 100-солагии ин олимро ҷашн гирифта буданд. Адабиётшиносони шинохта  Худоӣ Шарифов, Субҳонқул Амирқулов, Саъдоншо Имронов, Султон Воҳидов, Абдунабӣ Сатторзода шогирдон ва идомадиҳандаи кори ин устоди забардаст мебошанд.

 Профессор Ҳусейнзодаро  дар доираҳои илмӣ «Муаллими муаллимон» мегуфтанд. Дар зер хотираҳои шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур СУРУШ дар бораи устоди зиндаёд пешниҳоди хонандагони сомона мегарданд.

Ҳар гоҳ, ки мо ҳамсабақони даврони донишҷўӣ бо ҳам вохўрем, ҳамеша аз муаллимону дўстонамон, аз ҷумла, устоди зиндаёд Шарифҷон Ҳусейнзода ёд мекунем. Хеле шодам, ки саодати шунидани лексияҳои беҳамтои ин адабиётшиноси номӣ ва педагоги барҷаста ба банда низ насиб карда буд. Устод ба ҳамон андозае, ки донишманд буданд, ба ҳамон андоза ҷиддӣ ва серталаб буданд. Зоҳиран босалобат менамуданд, аммо дар асл дили ҳассос доштанд.

Ёдам ҳаст, боре дар яке аз машғулиятҳо шеъри Ҷалолиддини Румиро, ки матлаъаш «Биё то қадри якдигар бидонем, ки то ногаҳ зи якдигар намонем» аст, бо ҳарорату маҳорати баланд қироат карданд. Чун дар қатори пеш менишастам, дидам, ки дар чашмони устод ашк ҳалқа зад.

Бори дигар шоҳиди он шудем, ки чӣ тавр профессори муҳтарами мо аз ғояти шодӣ шеъреро пойкўбон чун суруд замзама карданд. Ин самимият, ин муҳаббати бепоёни устод ба забон ва шеъри ноби форсӣ барои шогирдон худ як дарси ибрат буд.

Дар як суҳбат олими дигари равоншод Абдураҳмон Бухоризода Шарифҷон Ҳусейнзодаро «Зубдаи икром» номида буданд, ки ба он пири хирад ва равшанзамир баҳои арзанда буд.

Донишҷўёни беинтизомро бад медиданд, агар касе ба дарсашон наояд, то далели шайъӣ, масалан, тасдиқномаи тиббӣ наорад, дигар ба машғулиятҳояшон роҳ намедоданд. Агар ҷуфти аввали дарсҳо ба машғулиятҳои устод рост ояд, аз бими он, ки Худо накарда дер монем, шабҳо хобамон намебурд.

Ёдам ҳаст, нафаре аз ҳамсабақони мо, ки роҳаш дур буд, дар як рўзи сербарфи зимистон ба дарси устод дер монд. Баробари саросемавор аз дар даромаданаш, дар ҳоле, ки аз даҳонаш ҳавр мебаромад ва мехост аз устод узр пурсад, садои занг баланд гардид ва аз тамом шудани машғулият хабар дод. Устод лаҳзае ба ў хомўшона нигаристанду сипас китф дарҳам кашида гуфтанд: «Нўшдоруиву баъд аз марги Суҳроб омадӣ». Бо шунидани ин сухан ҳама баланд хандидем.

Устод дар байни олимони адабиётшинос обрўю нуфузи ниҳоят калон доштанд ва он касро беҳуда «Муаллими муаллимон» намегуфтанд. Борҳо аз забони мардум чунин суханонро шунида будам: «Як худи китоби «Адабиёти тоҷик» барои синфҳои ҳаштум кифоя аст, ки ба Ҳусейнзода унвони академик диҳанд». Аммо устод як умр профессор монданд, ба мисли ду адабиётшиноси дигари забардаст Носирҷон Маъсумӣ ва Соҳиб Табаров ҳатто рисолаи докторӣ ҳимоя накарданд.

Ёдовар шудан кофист, ки хизматҳои устод бо ордени Ленин тақдир гардида буданд, ки дар замони шўравӣ мукофоти олитарин маҳсуб мешуд.

Боз ҳаминро гуфтаниам, ки дар навишт сабку услуби хосро доштанд. Ман инро ҳанўз дар овони мактабхонӣ, вақте ки як маҷмўаи мақолаҳои муаллим бо номи «Баҳс ва андеша» ба дастам афтод, дарк карда будам. Забонашон бисёр ғанӣ ва пуробу ранг буд, ман мақолаҳояшонро мисли ҳикоя мехондам. То ҳол дар ёдам мондааст, ки яке аз мақолаҳояшон бо чунин суханҳо шурўъ мегардид: «Шеър зодаи ҳис ва тафаккур аст».

Аз имтиҳони устод гузаштан кори хеле мушкил буд. Дар соли аввали таҳсил устод ба мо аз назмшиносӣ лексия мехонданду машғулиятҳои семинариро яке аз шогирдони беҳтаринашон- Абдунабӣ Сатторзода мегузарониданд.

Вақти имтиҳон фаро расид. Донишҷўён бо навбат ба назди тахта рафта, байтеро, ки Сатторзода мегуфт, менавиштанд. Сипас санъатҳои шеърӣ ва вазни шеърро муайян мекарданд. Навбати ман ҳам расид. Санъатҳои шеъриро номбар кардам, аммо дар масъалаи вазн лангидам.

Ҳамин вақт би синфхона бо чеҳраи ҷиддӣ домулло Ҳусейнзода, ки мудири кафедра буданд, ворид шуданд. Дидам, ки Сатторзода, ки он вақт хеле ҷавон буданд, ба ҳаяҷон омаданд. Дар бораи ман ҳоҷати гап нест. Ба тамом дасту по хўрда будам. Устод пурсиданд, ки шогирд чӣ хел? Сатторзода ҷавоб доданд, ки санъатҳои шеъриро ёфту вазнро не.

Домулло фармуданд, ки тахтаро пок кун, баъд бўрро ба даст гирифта, бо хатти зебои худашон як байт навиштанд. Одатан дар ин маврид ба донишҷў каме вақт ҷудо карда мешуд, то ин ки ба ҷавоб гуфтан тайёр шавад. Вале, азбаски вақти домулло танг будааст, зеро бояд ба дигар синфхонаҳо низ медаромаданд, як ба соаташон нигаристанду гуфтанд:

— Шояд бадоҳатан ҷавоб медиҳед?

Ман кўшиш намудам, ки тамоми дониши доштаамро ба ёд орам ва ба Сатторзода, ки бо назари суол менигаристанд, дида дўхта нимшунаво «Рамал…» гуфтам. Сатторзода бо аломати ризо сар ҷунбонданд. Андаке шерак шуда, боз лаб во кардам: «мусаддаси…» Ин дафъа низ Сатторзода сар ҷунбонданд. «Худоё, шармандаам накун» гуфтам дар дилу зам намудам: «мақсур».

Дар лабони Сатторзода табассум пайдо шуд, чеҳраи устод низ кушода гардид. «Бад не-ку», гуфтанд устод ва баромада рафтанд. Ҳамин тавр ман бори аввал аз имтиҳони муаллими сахтгирамон гузашта будам. Он замон шояд касе мисли ман хушбахт набуд. Суханони Горкий ба ёдам расиданд: «Ҳатто ғалабаи хурд ҳам касро нерумандтар месозад».

Баъдтар маро лозим омад, ки боз ба имтиҳони устод дароям. Касоне, ки ба суолҳои пешниҳодшуда ҷавоб дода, дар фарҷом ба талаффузи хушоянд ва таъсирнок шеър мехонданд, аз устод баҳои хуб мегирифтанд. Ман ба суолҳо ҷавоб гуфтам, аммо пай бурдам, ки қироатам ба устод чандон хуш наомад. Тахмин мекардам, ки баҳои се мегузоранд. Ба ҳаминаш ҳам розӣ будам. Лекин устод ғайричашмдошт гуфтанд: «Баҳоятон чоруним, писар. Чӣ кор мекунем?». Ман хомўшона сар хам кардам.

Баъд аз лаҳзае устод илова намуданд: «Агар чор гузорам, аз шумо меравад, агар панҷ – аз мо». Боз лаҳзае сукут карданду гуфтанд: «Майлаш, аз мо раваду аз шумо не». Медидам, ки устод ба дафтарчаи имтиҳониам баҳои панҷ гузошта, имзо карда истодаанд, аммо ба чашмонам бовар намекардам. Ҳамин хел одами пурсахо ва олиҳиммат буданд он бузургвор.

Бори сеюм ману ҳамсабақонам ба устод Ҳусейнзода дар курси панҷум ҳангоми ҳимояи корҳои дипломиамон имтиҳон супурдем. Ман дар толор нишаста, кори дипломиамро, ки «Очеркҳои сафарии Абдусалом Деҳотӣ» унвон гирифта буд, оҳиста варақгардон мекардам.

Имтиҳонгирандагон ду нафар буданд – Шарифҷон Ҳусейнзода ва раиси комиссияи имтиҳоноти давлатӣ профессор Холиқ Мирзозода аз донишгоҳи педагогӣ. Онҳо паси мизи калон нишаста, байни худ дўстона суҳбат мекарданд.

Хатмкунандагон бо навбат ба назди минбар омада, аз корҳояшон ҳисобот медоданд ва ба суолҳо посух мегардонданд. Мувофиқи алифбо навбати ман баъд аз Равшани Раҳмониён буд, ки ҳоло худ доктори фанҳои филологист. Ў дар мавзўи жанри аския рисолаи дипломӣ омода сохта буд.

Равшан бо худ як магнитофон ҳам оварда буд. Дар он аскияҳое, ки ў аз ҷониби мардум дар чойхонаҳои зодгоҳаш Бойсун ҷамъ карда буд, сабт ёфта буданд. Равшан пеш аз он, ки дар минбар истад, магнитофонро ба як гўшаи мизи устодон гузошт. Онҳо ҳайрон ба Равшан нигаристанд. Равшан фаҳмонд, ки баъд аз қисми назариявӣ барои тақвияти гуфтаҳояш чанд аския мешунавонад.

Ҳамин тавр ҳам шуд. Вақте ки ў магнитофонро ба кор андохт, садои аскиячиҳо баланд гардид. Аз паси ҳар як аския гулдурроси ханда шунида мешуд. Гумон мекардед, ки муҳити чойхона бо аскиягўйҳояш ва мардуми зиндадили ташнаи ханда ба толори мо гузашт. Як вақт бинам, ки устодон ҳам ба ханда даромаданд. Аскияҳоро шунида, бо завқ, кўдаквор механдиданд. Гоҳо ашки чашмонашонро пок кардаю гоҳ даст ба зону зада, механдиданд. Хеле хушҳол шуданд.

Ин ду паҳлавони майдони адабиётшиносӣ дар хотири неки ман ҳамин зайл боқӣ монданд.

 

 

Апрель 12, 2018 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ! Таҳти ин шиор Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон озмуни китобхонии фосилавиро эълон намуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Пагоҳ дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад