ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН: Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дароз карда мешавад
ДУШАНБЕ, 9.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид менамояд, ки тибқи он муҳлати бақайдгириии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ дароз карда мешавад.
Масъалаи мазкур 9 апрел дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.
Дар назди аъзои Шӯро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро тавзеҳ дод.
Мавсуф зикр кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳое, ки дар робита ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2017 ба Парлумони мамлакат баён гардидаанд, омода шудааст.








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






