Рауф Олимӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ: «Барои афзун намудани табодули молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон заминаҳои мусоид фароҳаманд»
ДУШАНБЕ, 03.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 9-10 марти соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард ва сафари роҳбарияти олии кишвари дӯст сафари таърихӣ унвон шуд. Зеро бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев монеаҳое, ки тӯли даҳсолаҳо пайдо шуда буданд, бартараф гардиданд ва барои густариши робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Дар доираи мулоқоту гуфтушуниди ҷонибҳо тақрибан 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин соҳаҳои мудофиа ва амнияти ҷонибҳоро танзим менамоянд.
Яке аз падидаҳои неке, ки боиси хушҳолии мардуми тоҷику ӯзбек гардид, ин боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ мебошад. 1 марти соли равон бо иштироки роҳбарият ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва намояндагони вилояту навоҳии ҳаммарзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаргоҳҳои сарҳадии “Саразм-Ҷартепа”, ”Ӯротеппа-Кушкент”, “Зафаробод-Хавостобод”, “Ҳавотоғ-Учқурғон”, “Ҳаштияк — Бекобод”, “Навбунёд-Поп” ва “Равот” боз шуданд. Минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд ба муддати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.
Воқеан ҳам халқҳои тоҷику ӯзбекро аз қадимулайём муштаракоти таърихию фарҳангӣ, риштаҳои хешу таборӣ бо ҳам мепайванданд ва онҳо асрҳо инҷониб дар канори ҳам бо кумаки якдигар зиндагӣ мекунанд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар консерти «Шоми дӯстӣ», ки ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ташкил гардида буд, таъкид намуда, гуфтанд: “Халқҳои мо, новобаста аз мушкилоти зиёд ва рӯйдодҳои таърих, ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрӯз нигоҳ доштаанд. Дарвоқеъ, тоҷикон ва ӯзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дӯстию бародарӣ кӯшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошанд”.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки беҳтар шудани муносибатҳои дуҷониба ба тамоми соҳаҳо таъсири мусбати худро мерасонанд. Аз ҷумла, интизор меравад, ки минбаъд дар муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ низ гардиши куллӣ ба вуҷуд омада, ҳаҷми табодули молу маҳсулот миёни давлатҳо ба маротиб афзун гардад.
Тибқи маълумоти расмӣ, соли гузашта табодули мол миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 126,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки 57,1 миллион доллар ба содирот ва 69,3 миллион доллар ба воридот рост меояд. Дар мулоқоту музокироти сатҳи олии Сарони ҳар ду давлат таъкид гардид, ки дар оянда бо истифода аз имкониятҳо ва робитаҳои иқтисодӣ ин нишондиҳанда то ба 500 миллион доллар ва баъдан то ба 1 миллиард доллар расонда мешавад. Дар ҳақиқат, барои афзун намудани табодули молу маҳсулот миёни кишварҳо заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Чунки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон алюминий, хушкмева ва меваҳои тару тоза, маҳсулоти нассоҷӣ, қолин ва дигар маҳсулоти саноатӣ содирот намояд. Техникаи маишӣ, мошинолот ва дигар маҳсулоти ниёзи аввале, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол мешаванд, дар бозори Тоҷикистон муштариёни худро доранд.
Ҳамин тариқ, бо қаноатмандӣ метавон изҳор дошт, ки баробари ба тасвиб расидани силсилаи созишномаҳо ва татбиқи сиёсати дурбинонаи роҳбарони олии ду кишвар муносибатҳои дӯстонаи тоҷикону ӯзбекҳо таҳким меёбад ва мардумони мо зери ливои дӯстӣ умр ба сар мебаранд.
Рауф ОЛИМӢ,
номзади илмҳои иқтисодӣ,
директори Донишкадаи иқтисод ва савдои
Донишгоҳи давлатии тиҷорати
Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






