САФАР КОМИЛОВ, САМБОЧИИ НАВРАСИ ТОҶИК — ҒОЛИБИ ҶОМИ «САКСОНИЯ»! Дар Берлин ӯро сафири Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт

Апрель 3, 2018 09:56

ДУШАНБЕ, 03.04.2018./АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия (ҶФГ)  Маликшо Неъматов варзишгари навраси тоҷик, ғолиби Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти  ҷоми «Саксония» –ро оид ба самбо Сафар Комиловро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати ҶТ дар ҶФГ хабар доданд.

Сафар Комилов  31 марти соли 2018 дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар он беш аз 200 нафар варзишгарони наврас  аз   Германия, Россия, Чехия ва Словакия иштирок намуданд, бар панҷ ҳарифи худ дастболо шуда, медали тилло ва ҷоми мусобиқаро ба даст овард.

Сафар Комилов фарзанди мушовири Сафорати Тоҷикистон дар  Германия Мурод Саидзода буда, 13 сол дорад.

Ду сол пеш зимни  як мусобиқи дигари байналмилалӣ барои Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо дар шаҳри Берлин Сафар якҷо бо кормандони Сафорат ба мухлисии паҳлавони маъруфи кишварамон Хуршед Маҷидов ба қасри варзишии Берлин омада буд.  Дар ин мусобиқаи  бонуфуз Хуршед медали нуқраи  мусобиқаро  соҳиб шуд. Ин комёбии ҳамватани мо   дар қалби  Сафари наврас меҳри гӯштинро ҷой кард.

Ба илтиҷо ва хоҳиши баланди Сафар тоб наоварда, падараш ӯро ба клуби самбои «SAMBO COMBAT GRYPHON» -и шаҳри Берлин бурд. Сафар Комилов тӯли се соли машқу тамринаш дар риштаи самбо зери назари устоди варзиш Андрей Герцен алакай на танҳо дар мусобиқаҳои гуногуни умумиолмонӣ,  балки аврупоӣ иштирок карда, 30 медал —  10 тилло, 6 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овардааст!

Айни замон Сафар дар вазни худ дар кулби варзишии самбои Берлин ғолиби мутлақ мебошад. Ӯ ҳамаи чемпионатҳои ҷаҳон ва мусобиқаҳои байналмилалиеро, ки дар онҳо варзишгарони тоҷик иштирок мекунанд, тамошо мекунад. Сафар  аз натиҷаҳои варзишии устоди шодравон,  чемпиони ҷаҳон оид ба сакмбо  Саидмуъмин Раҳимов,  паҳлавонони  номдори тоҷик Расул Боқиев, Беҳрӯзи Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Хуршед Маҷидов ва дигарон огоҳ аст ва дар бораи онҳо бо ифтихор ба дӯстони олмониаш   қисса  мекунад.

Сафири Тоҷикистон варзишгари навраси тоҷик Сафар Комиловро бо натиҷаҳои баланди варзишиаш табрик гуфта, барояш иқболи баланд  таманно кард ва ҳамзамон ба ӯ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро тӯҳфа намуд. Сафар Комилов дар ҷавоб чунин иброз дошт: «Ҳар ҷое, ки ғалаба мекунам ҳамагон аз миллату кишварам мепурсанд ва боифтихор парчами Тоҷикистонро ҳамеша бо худ мегирам ва болои сарам парафшон мекунам…».

 

Апрель 3, 2018 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид