Сафари ҳайати Парлумони Тоҷикистон ба Санкт-Петербург
ДУШАНБЕ, 11.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров субҳи имрӯз ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар кард. Аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Россия бо даъвати Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ Валентина Матвиенко сурат гирифтааст.
Интизор меравад, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/, ки рӯзҳои 11 ва 14 апрели соли ҷорӣ доир мегарданд, иштирок менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки ба ҳайати парлумонии Тоҷикистон раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Шариф Раҳимзода, Ҷӯрахон Маҷидзода ва Олим Салимзода шомиланд.








Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд






