Сафи донорони хун ва плазмасупор дар Тоҷикистон меафзояд

Апрель 20, 2018 11:51

ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷро ва дар амал татбиқ намудани «Барномаи милли рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2015 — 2019» мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии Хун» ҷиҳати ҷалби донорони хун ва плазмасупор тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ менамоянд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, давоми ҳафтаи сипаригардида дар филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани раванди ҳаракати донорӣ чорабиниҳо баргузор карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни чорабиниҳо дар асоси чораҳои андешидашуда бо мақсади ҷалби донорон 336 нафар донори хун ва плазмасупор дар  филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии Хун»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз қайд гузаштанд, ки аз онҳо ба миқдори 174 л 930 мл  маводҳои хун гирифта шуд.

Маврид ба таъкид аст, ки  ҷалби  донорони хун ва плазмасупор бо мақсади таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва ҳамзамон ҷиҳати расонидани  кумаки фаврӣ ба беморони эҳтиёҷманд роҳандозӣ гардидааст.

 

 

 

Апрель 20, 2018 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад