«Салафия. Аз фиреби назар то барангехтани ихтилофоти динию дунявӣ», – шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Апрель 19, 2018 16:45

ДУШАНБЕ 19.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем» — бо ҳамин суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (16.04.2018, №75) аз чоп баромад. Дар идомаи мавзӯъ нашрия гузориши муфассалро аз шиносоии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сохтмонҳои боҳашамати пойтахти мамлакат пешкаши хонандагон кардааст. Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар Душанбе сохтмони чандин иншооти муҳими таъйиноти гуногун босуръат идома дошта, баъзе аз онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Аз ҷумла, корҳои асосии сохтмонӣ дар эстакадаи маҳаллаи 82 ба итмом расида, мумфаршкунии қитъаҳои алоҳидаи роҳ, сохтмони истгоҳҳои наву замонавӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои пиёдагард ва ободонии атроф бомаром идома доранд. Дар ҳамин мавзеъ, Пешвои миллат ба марҳилаи 2-юми лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душаньбе» оғоз бахшиданд. Тибқи ин нақша, чорроҳаи назди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ҳамчунин роҳҳои мошингузари ин маҳал пурра навсозӣ карда мешаванд. Иншооти дигаре, ки Сарвари давлат аз он дидан карданд, Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар ҳудуди боғи Сангини шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Иншооти мазкур бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ба хотири 30-солагии Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бунёд мегардад. Пешвои  миллат зимни боздид аз мавзеи сохтмони Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» изҳор карданд, ки иншооти нав бояд бо санъати баланди меъмории миллӣ ва бо сифати олӣ бунёд карда шавад, зеро дар оянда он ба макони таърихӣ, зебову ҷаззоб ва сайругашти сокинону меҳмонони пойтахт мубаддал мегардад. Маҷмааи унверсиалии варзишӣ, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонии он шинос шуданд, дар миёни талу теппаҳои Лучоб ва рӯди Душанбе қарор дошта, яке аз ҷойҳои зебо ва муносиб мебошад. Зимни шиносоӣ бо тарҳи сохтмону ободонӣ ва ҷараёни корҳо ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо қасрҳои варзишии болопӯшида ва нимпӯшида, майдонҳои гуногуни варзишӣ барои теннис, намудҳои варзиши рӯи ях, ҳавзҳои хурду миёна ва бузург барои шиноварӣ сохта мешаванд. Майдонҳои мазкур барои баргузор намудани мусобиқаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мувофиқ мебошанд.

Муҳтавои шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (18.04.2018,№77) аз мақолаҳои таҳлилии «Тоҷикистон. Ташаббуси беназири ҳазорсолаи нав», «Чеҳраи тобони Айнӣ», «Илми муосир ва талошҳои олимони тоҷик дар рушди он», «Ваҳдат ва ҳувияти миллӣ», «Салафия. Аз фиреби назар то барангехтани ихтилофоти динию дунявӣ», ҳамчунин хабарҳо оид ба мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон С.Аслов бо вазири корҳои хориҷии Туркманистон Р.Мередов, тавсеаи ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистону Россия ва дигар навгониҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон иборат ёфтааст.

Муаллифи мақолаи «Салафия. Аз фиреби назар то барангехтани ихтилофоти динию дунявӣ» навиштааст: «Салафия ба сифати ҷунбиши сиёсӣ ва динӣ ибтидо дар партави мазҳаби ҳанбалӣ (яке аз мазҳабҳои чоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат) созмон ва бо мурури замон ба як ҷараёни фикрию сиёсӣ ва мафкуравӣ табдил ёфта, ба мазоҳиби анъанавии исломӣ, бахусус мазҳаби ҳанафӣ, ба набарди сиёсӣ-мафкуравӣ пардохт». Муаллифи мақолаи мазкур, таҳлилгари масоили сиёсӣ Фариддун Ориёӣ бошиддат аз хатари пайравони ин ҷунбиш ҳушдор додааст: «Ҷойи нигаронӣ он аст, ки имрӯз насли салафиёни ҷадид ё модерн ташаккул ёфта истодааст, ки дар зоҳир ба дунявиён монанданд ва ботинан ашадитарин пайравони ҷараёни салафианд. Онҳо барои фиреби назар ва ошкор накардани симои воқеии хеш аз тарзи либоспӯшии аврупоӣ, шеваи муоширати маданӣ, муколамаи фарҳангӣ ва гаштугузори имрӯзӣ истифода карда, ба фазо ва муҳитҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд, дар сохторҳои расмӣ – давлатӣ ҷойгоҳ пайдо менамоянд, имиҷи сиёсӣ касб месозанд ва аз ин тариқ ба арсаи сиёсати дунявӣ қадам ниҳода, низоми давлатдории дунявиро аз дарун хароб мекунанд. Мушкил дар шинохт ва ташхиси ҳувияти онҳост, ки дар пардаи сиёсати замон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пинҳон шудаанд.

Бинобар ин, ба масъалаи мубориза бар зидди фаъолияти тахрибкоронаю душманонаи ҷараёни «Салафия», ТТЭ ҲНИТ ва ташкилотҳои дигари террористию ифротӣ ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд кард ва шароити мусоидро барои рушди илму маориф ва фарҳангу ҳунар дар минтақа ба вуҷуд овард».  

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» (14.04.2018, №46) дар шумораи навбатӣ ба муносибати 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ силсилаи мақолаҳои олимони шинохтаро чоп кардааст. Мақолаҳои илмии профессор Аламхон Кӯчаров «Садриддин Айнӣ: «Танқиди адабӣ муносибати оқилонаву объективонаро талаб дорад», Хушдил Раҳимзода: «Нақши Садриддин Айнӣ дар ҳифзи арзишҳои миллӣ», Назрӣ Офаридаев: «Айнӣ ва роҳҳои ҳифзи асолату такмили забони адабӣ» аз фаъолияти эҷодиву илмии асосгузори адабиёти навини тоҷикон Садриддин Айнӣ нақл мекунанд.

Дар шумораи навбатии «Садои мардум» (17.04.2018,№47) дар бораи баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург, баррасии ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Миср хабару гузоришҳо чоп шудаанд.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» дар саҳифаи кино мақолаи Тиллои Неққадам «Тақдири талху ширини «Дохунда»  ва дар саҳифаи санъат мақолаи Шавкат Халилзодаро «Роҳ ба сӯи қуллаи театр» нашр кардааст. Дӯстдорони назм имкон доранд бо ашъори Гулрухсор «Ман барои дидани худ омадам» ва мақолаи Худоӣ Шарифов, ки соли 1997 барои шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар навишта шудааст, шинос шаванд. Дар саҳифаи наср ҳикояи Гулчеҳра Муҳаммадиева «Панди бобо ба набера» чоп шудааст.

Нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки имсол 21 апрел таҷлил карда мешавад, бо номи «Пойтахти зебанда» шеъри Ҷӯрабек Муъминро чоп карда, аз ҷаласаи мушовараи вазорат вобаста ба фаъолият дар семоҳаи аввали соли равон гузориш бо сарлавҳаи «Натиҷаҳо қанотабахшанд» чоп кардааст.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» оид ба мулоқоти Пешвои миллат бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Халил Иброҳим Акча хабар нашр кардааст. Хотирнишон мешавем, ки ҳафтаи равон дар Душанбе Ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар кори он вазирон ва муовинони вазирони корҳои хориҷии як зумра кишварҳои минтақа иштирок намуданд. Нашрия ҳамчунин мақолаҳои «Шоирона» шоирона нест», «Нафрати Ҳофизи Шерозӣ аз зоҳидони динфурӯш», «Хатсайри ҳизбӣ»-ро пешкаши хонандагони худ кардааст.

 

 

Апрель 19, 2018 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
Аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар пиряхи Зарафшон экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида шуд