Таҷлили мутантани Рӯзи пойтахт дар Душанбе

Апрель 21, 2018 12:44

ДУШАНБЕ, 21.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 апрел, фазои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе қабои идона ба бар дорад, зеро дар ин рӯзи зебои баҳорӣ, сокинони Душанбе Рӯзи пойтахтро ҷашн мегиранд. Ин сана ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳанд, ки аз субҳ инҷониб сокинони меҳмонони Душанбе дар ин рӯзи офтобӣ ба сайругашти идона баромадаанд. Дар иртибот ба таҷлили Рӯзи пойтахт бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар тамоми боғҳои фарҳангивю фароғатии пойтахт базмҳои пуршукӯҳи идона бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ — ромишгарону мутрибон ташкил гардида, ҳамзамон маҳсули дастони ҳунармандони чирадасти пойтахт, ба намоиш гузошта шудаанд.

Инчунин имрӯз дар Душанбе чорабиниҳои гуногуни идона, аз ҷумла мусобиқоти варзишӣ — Ниммарафони байналмилалӣ доир гардид. Ҳамзамон дар «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе баргузории мусобиқаи пойгаи кушоди аспдавонӣ дар назар аст.
Ҳамчунин шоми имрӯз дар Муассисаи фарҳангию фароғатии «Аҳорун» (Амфитеатр) маросими ботантанаи таҷлили Рӯзи пойтахт ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки роҳбарияти шаҳри Душанбе ва сокинону меҳмонони он баргузор мегардад.

Апрель 21, 2018 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд