Тоҷикистон аз вохӯрии таърихии Мун Чжэ Ин ва Ким Чен Ин истиқбол мекунад

Апрель 30, 2018 14:55

ДУШАНБЕ, 30.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии таърихии Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин ва Роҳбари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея Ким Чен Инро дар  минтақаи дифои муштараки «Пханмунҷо», инчунин ба имзо расидани эъломияи муштараки Пханмуҷоро оид ба сулҳ, шукуфоӣ ва муттаҳидшавии нимҷазираи Корея истиқбол мекунад»,- гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамчунин дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ зикр шудааст, ки «Умедворем, ки Ҳамоиши байникореягии баргузоршуда ҳамчун нуқтаи ниҳоӣ барои ҳалли низои чандинсола ва оғози муколамаи сиёсиву дипломатӣ, ки бар сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтааст, хизмат хоҳад кард».

Апрель 30, 2018 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад