«ҶУМҲУРИЯТ» — НАШРИЯИ СЕРХОНАНДАТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе натиҷаҳои тадқиқотии Маркази «Зеркало» муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 06.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи раддабандӣ аз ҳама нашрияи серхонандатарин нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (34%) мебошад. Сипас, бо фосилаи камтар нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Омӯзгор» (23,8%) ва нашрияи марказии ҲХДТ рӯзномаи «Минбари халқ» (22,2%) ҷойгир шудаанд.
Тадқиқоте, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» гузаронида шуд, ба ин натиҷа расидааст. Омори мазкур имрӯз зимни муаррифии Ҳисоботи тадқиқотии «Муайян намудани афзалиятҳои медиавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр гардид.
Раддабандии маҷаллаҳо ба раддабандии рӯзномаҳо монанд аст, яъне дар қатори аввал маҷаллаҳои давлатӣ қарор доранд. Аз ҳама теъдоди зиёди нашрро маҷаллаи занон- «Бонувони Тоҷикистон» (44,9%) дорад. Маҷаллаи дуюми маъруф маҷаллаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дин ва ҷомеа» (10,4%) ва дар ҷойи сеюм маҷаллаи Вазорати фарҳанг бо номи «Фирӯза» (5,2%) меистанд.
Тамошобинони тоҷик аз ҳама бештар шабакаи телевизионии «Сафина»-ро тамошо мекунанд. Инро 60,1 %-и пурсидашудагон дар тадқиқоте, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» гузаронида шуд, тасдиқ кардаанд. Ин омор имрӯз зимни муаррифии Ҳисоботи тадқиқотии «Муайян намудани афзалиятҳои медиавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқот, дар ҷойи дуюм шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» (собиқ Шабакаи якум) бо 50,1% ва дар ҷойи сеюм ТВ «Баҳористон» бо 30,5% қарор гирифтаанд.
Пас аз шабакаҳои телевизионии ватанӣ дар ҷои аввал шабакаҳои телевизионии Россия меистанд, ки дар ҷадвали афзалиятҳо 18,3%-ро ишғол менамоянд. Бояд зикр намуд, ки шабакаҳои телевизионии Россия на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми фазои пасошӯравӣ рейтинги баланд ишғол мекунанд. Пас аз Россия бо 9,7% шабакаҳои телевизионии ӯзбекӣ қарор гирифтаанд.
Тибқи тадқиқоти ин марказ, дар миёни радиоҳои маҳбубтарин радиои Радиои «Садои Душанбе» (28%) мавқеи аввалро касб карда, дар ҷойи дуюм Радиои Тоҷикистон (17,4%) ва дар ҷойи сеюм Радиои фарҳанг (5,3%) қарор гирифтаанд.
Зимни муаррифӣ таъкид шуд, ки шумораи шабакаҳои гирифтани иттилоот, ғайр аз ВАО-и анъанавӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Дар ҷойи аввал ТВ ватанӣ (57,2%), дар ҷойи дуюм интернет (11,5%) қарор дорад.
38,4 фоизи пурсидашудагон аз интернет истифода мебаранд. Интернетро аз ҳама бештар сокинони ВМКБ-60,6 фоиз истифода мебаранд. Ин нишондиҳанда дар миёни сокинони Душанбе 56,3 фоизро ташкил дод.
Истифодабарандагони асосии интернет ва дигар навъҳои муосири алоқаи оммавӣ ва технологияҳои муосир (мессенҷерҳо, почтаи электронӣ) ҷавонони аз 18 то 35-40 сола мебошанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки насли нисбатан калонсол ба ВАО-и анъанавӣ талабот дорад.
Мавриди зикр аст, ки натиҷаҳои тақиқот ба суолҳои муҳим посух дода, нишон медиҳанд, ки ВАО-и анъанавӣ бояд дар кадом самт рушд кунад ва чӣ пешомадҳо дорад. Тадқиқоти мазкур доираи ВАО-и пешрафтаро муайян кара, барои интихоби самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи соҳа ва ё ВАО-и алоҳида ёрӣ мерасонад.
Тадқиқоти мазкур лоиҳаи муштараки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» буда, аз декабри соли 2017 то феврали соли 2018 гузаронида шудааст. Дар маҷмӯъ, дар он зиёда аз ду ҳазор нафар посухдиҳандагон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»












Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






