Вакилони Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иловаҳо ворид карданд

Апрель 4, 2018 15:19

ДУШАНБЕ, 04.04.2018/АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии  иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, ки 4 апрел таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ» тағйирот ворид намуданд.

Муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Султон Раҳимзода лоиҳаи қонуни мазкурро тавзеҳ дода, гуфт, ки он масъалаи таъмини бехатарӣ дар лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифода қарор додан, таҷдид, барқарорсозӣ ва барҳам додани иншооти гидротехникиро ба танзим даровардааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ» ба таври мушаххас самтҳои таъмини фаъолияти иншооти гидротехникиро бо ҳуқуқу уҳдадориҳои моликони иншооти гидротехникӣ, салоҳият ва ваколатҳои мақоми назоратӣ муайян намуда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳоро оид ба бехатарии иншооти гидротехникӣ муқаррар намудааст.

Вакилони Парлумони Тоҷикистон ҳамзамон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагон  Бахтовар Сафарзода масъалаи  мазкурро муаррифӣ намуда, гуфт, ки ин  санад  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони мамлакат  пешниҳод гардидааст ва он масъалаҳои таъмини бехатарӣ дар лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифода қарор додан, таҷдид, барқарорсозӣ ва барҳам додании иншооти гидротехникиро фаро гирифта, барои риоя накардани қоидаҳои дахлдор дар ин соҳа ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ менамояд.

Дар иртибот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 231 —  «Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ» бо чор модда илова гардид.

Апрель 4, 2018 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд