Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Беларус рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Апрель 2, 2018 09:38

ДУШАНБЕ, 02.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 30 марти соли 2018 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов сурат гирифт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот мавзӯъҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, инчунин масоил вобаста ба омодагӣ ба сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии Белорус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамзамон зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ, ки 6 апрели соли равон дар шаҳри Минск баргузор мегардад, баррасӣ гаштанд.

 

Апрель 2, 2018 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад