ЗАРАРИ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ: истифодаи аз меъёр зиёди он шахсро ба заъфи асаб гирифтор мекунад

Апрель 7, 2018 10:10

ДУШАНБЕ, 07.03.2018. /АМИТ «Ховар»/.   Дар замони муосир телефонҳои мобилӣ  як ҷузъи  ҷудонопазири зиндагии мо гардидаанд. Бо кумаки онҳо ҳамеша бо нафароне, ки ба мо наздиканд, дар алоқа шуда, новобаста аз он, ки  ӯ дар кадом гӯшаи дунё қарор дорад, тамос гирифта метавонем.  Бояд  гуфт, ки таъсиси  телефони мобилӣ инқилобе дар соҳаи илму техника мебошад. Аммо ба ин нигоҳ накарда,  телефонҳо хусусиятҳои зараррасонӣ низ доранд ва оҳиста-оҳиста ба саломатии инсон зарари худро мерасонанд.

Тавре мушоҳида мегардад, коргарон, донишҷӯён, мактаббачагон ва ҳатто пиронсолону кӯдакон  имрӯз аз телефони мобилӣ васеъ истифода бурда,  баъзеҳо бо худ  ду ва зиёда телефони ҳамроҳ  доранд. Телефонҳои муосир вазифаи МР3-плеер, компютер, дастгоҳи аккосӣ, камераи сабт ва ғайраро иҷро намуда,  мушкилоти одамонро осон мегардонанд, вале мардум оид ба он, ки телефон ба саломатии онҳо зарар дорад, камтар фикр мекунанд.

Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар»   бо як зумра    коршиносон   ҳамсуҳбат гардид.

Табиби асабшиноси Маркази миллии ташхису табобат ва таълимии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳрат Усмонов дар мавриди зарари телефони мобилӣ зикр намуд, ки истифодаи  аз меъёр зиёди  телефони мобилӣ шахсро ба заъфи асаб гирифтор намуда, мавҷи нурҳои электромагнитии он  ба шахс оҳиста-оҳиста таъсири  худро мерасонад.

Ба гуфти ҳамсуҳбат, яке аз оризаҳои заъфи асаб- ин  фишорбаландӣ мебошад, ки  дар натиҷа гардиши хун вайрон ва рагҳои майнаи сар тағйир меёбанд, аммо   аҳолӣ  таъсири манфии алоқаи мобилиро    кам ба назар мегиранд.

«Истифодаи ками телефон   ба  фоидаи саломатии инсон аст. Ҳастанд нафароне, ки телефонҳои худро ҳама вақт   дар бар мегардонанд ва  ҳатто дар  бистари хоб  низ нигоҳ медоранд. Бояд гуфт, ки    ҳангоми хоб рафтан набояд телефони мобилиро ба худ наздик гузошт. Он бояд 5 метр дуртар,  беҳтараш берун аз утоқи хоб бошад. Аз рӯи ҳисоботи омории танзимгарони алоқаи мобилӣ, тақрибан 70 фоизи истифодабарандагон дар як рӯз зиёда аз 30 дақиқа гуфтугӯ мекунанд. Албатта, хуб мешуд, ки ҳар як нафар дар як рӯз камтар аз 30 дақиқа гуфтугӯ кунад»,- илова намуд  Шӯҳрат Усмонов.

Бино ба тадқиқоти як нафар  мутахассиси соҳаи магнитобиология Роҷер Когхилл, ҳангоми суҳбати беш аз 25 дақиқа тариқи телефони мобилӣ дар як рӯз инсон  ба дарди сар гирифтор шуда,  хастагӣ ва  камҳаракатӣ эҳсос мекунад. Дар чунин маврид шумораи унсурҳои сафед дар таркиби  хун кам мешавад. Ҳамчунин афканишоти гармии телефон майнаи сарро тасфонида, дар натиҷа шахс сардард ва  дилаш беҳузур мешавад.

Мудири шуъбаи бемориҳои асаб ва фалаҷи мағзи сар дар  Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»  Музаффар Наҷмиддинов, ҳангоми суҳбат зикр кард,  ки солҳои  охир шумораи нафароне, ки  аз омоси майнаи сар азият мекашанд,  зиёд шудааст. Агар 10 сол пеш 50-70 нафар дар 1 сол бо бемории  омоси майнаи сар ба духтурон  муроҷиат мекарданд, солҳои охир теъдоди чунин беморон ба 200-300 нафар расидааст. Ин танҳо шумораи нафаронест, ки дар дохили кишвар муолиҷа меёбанд, ҳол он ки боз ҳастанд бемороне, ки дар хориҷи мамлакат  табобат  мегиранд.

Музаффар Наҷмиддинов ҳамчунин таъкид намуд, ки имрӯз телефони мобилӣ як ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти  инсон гашта, бисёр нафарон бе он зиндагии худро тасаввур карда наметавонанд, ки ин хеле таассуфовар аст.

«Имрӯз  кӯдакони хурдсол  ва мактаббачагон низ аз  телефони мобилӣ ва планшет истифода мебаранд. Онҳо телефону планшетро  на танҳо чун воситаи гуфтугӯ,  балки бештар барои бозӣ   истифода  мебаранд», — гуфт  Музаффар Наҷмиддинов  ва илова намуд, ки  ин гуна зиёд истифода бурдани телефони мобилӣ ба хирашавии чашм оварда мерасонад.

Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки хирашавии чашм аслан нишонаи пиронсолист, лекин синни хирашавии чашм низ имрӯз  поён рафтааст. Имрӯз шумораи  зиёди ҷавонон аз  хирашавии чашм шикоят мекунанд. Ҳангоми зиёд ва аз наздик нигоҳ кардан ба экрани телефон он нури чашмро хира мекунад.

Олимони Аврупо кашф намудаанд, ки организми кӯдак ҳангоми истифодаи телефони мобилӣ бештар аз калонсолон зарар мебинад. Кӯдак зуд хаста шуда, рӯҳияаш ноустувор мегардад, дар натиҷа зуд асабонӣ ва бадмуомила мешавад. Ҳангоми зиёд гап задан бо телефон  табъи инсон низ  хира мешавад.

Вақтҳои охир дар байни кӯдакон ва мактаббачагон истифодаи телефони мобилӣ ва планшет бештар ба назар мерасад. Ҳатто ҳолатҳое мешаванд, ки падару модарон барои машғул кардани фарзандонашон бо бозиҳои гуногуну тамошои филмҳои тасвирӣ ин гуна дастгоҳҳоро мехаранд.

Ҷонишини директори Муассисаи таълимии рақами 1-и  шаҳри Душанбе Фарида Сиддиқова зикр намуд, ки «тибқи   моддаи 8-и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба  муассисаҳои таълимӣ  бо худ овардан ва истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ мебошад. Аз ин рӯ мо ҳамарӯза дар байни  хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем.    Мо дар назди даромадгоҳи муассиса бо ёрии нозири минтақавие, ки ба ҳар як муассиса вобаста карда шудааст, ҳамарӯза хонандагонро аз назорат мегузаронем, то бо худ телефонҳои мобилӣ надошта бошанд.   Мешавад ҳолатҳое, ки ҳангоми санҷиш мо телефони мобилӣ дарёфт мекунем. Дар вақти пайдо кардани телефон аз тарафи нозири минтақавӣ ду маротиба огоҳӣ дода мешавад. Ҳангоми такрор шудани ин ҳолат тибқи моддаи 90-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд».

Мавсуф ҳамзамон иброз намуд, ки ҳар як роҳбари синф вазифадор аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ пайваста дар бораи истифода бурдани телефонҳои мобилӣ, зарари онҳо ба инсон  ва дигар проблемаҳои ҷаҳоние, ки дар ҷомеаи имрӯза паҳн шудаанд, сухан гӯяд. Ҳамчунин мо пайваста бо падару модарон вохӯрӣ мегузаронем,   то ки онҳо ба фарзандони худ тарзи бехатари истифода бурдани телефонҳоро омӯзанд, зеро он ба саломатии насли ҷавон зарари ҷиддӣ дорад. Волидайн бояд ба фарзандонашон истифодаи бемаҳдуди телефонҳои мобилиро иҷозат надиҳанд.

Бояд зикр намуд, ки асоси сохтори  алоқа аз истгоҳҳои пойгоҳӣ ва телефонҳои мобилӣ иборат мебошад. Истгоҳ бо телефонҳо алоқа пайваст карда, дар натиҷа афканишоти электромагнитӣ ба вуҷуд меояд. Таъсири радиатсионӣ ба заҳролудшавӣ меорад. Заҳролудшавӣ ба дарди сар, чархзании сар, хасташавӣ, паст шудани фаъолнокӣ, хотира ва зеҳн оварда мерасонад. Олимон исбот карданд, ки ҳангоми аз 10 то 60 дақиқа тариқи телефон суҳбат кардан организми шахс бояд барои барқароршавӣ 8-14 соат истироҳат кунад. Таъсири овоз ва ларзиш (вибрация) ҳангоми истифодаи телефон ба танг шудани рагҳои гӯш ва рӯю сар меоварад. Олимон инчунин кашф намудаанд, ки пас аз суҳбат бо телефон шахс камтаваҷҷуҳ гашта, фикрҳояш парешон мешаванд.

Истифодаи ҳар як техника қонуну қоида ва меъёри муайян дорад. Бе зарурат набояд аз  телефон  истифода  кард. Истифодаи ками телефон   ба  фоидаи саломатии инсон аст. Духтурон тавсия медиҳанд, ки  ҳангоми хоб рафтан набояд телефони мобилиро назди худ гузошт.   Занҳои ҳомиладор ва кӯдакони хурдсол бояд аз суҳбат тариқи телефон худдорӣ намуда, онро  набояд тӯлонӣ дар кисаи назди сина ва  миёнбанд  нигоҳ доранд.  Дар хона ва ё корхона беҳтараш аз телефони одии симдор бояд истифода бурд.

Табибони Амрико ба хулосае омадаанд, ки  ҳангоми гуфтугӯ агар асбобро бо се ангушт ва аз қисми поёнияш дошта, суҳбат кунем, зарар камтар мерасад. Зеро  агар телефонро бо кафи даст дорем, тавоноии асбоб тақрибан 70 дар сад меафзояд ва шуоъафкании он низ зиёд мешавад.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи мамлакат, соли 2017  дар ҷумҳурӣ шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ    7 млн. 353 ҳазору 192 нафарро ташкил дод, ки аз онҳо  4 млн. 371 ҳазору 817 нафарашон муштариёни фаъол мебошанд. Зикр карда шуд, ки ба ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 5,5 адад дастгоҳи телефонии собит рост меояд.

 

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Апрель 7, 2018 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар мавзуи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҷамъбаст гардид
Вобаста ба мавзуи ҳифзи сирри давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма машварати омӯзишӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид