31 МАЙ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ БИДУНИ ТАМОКУ! Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз истеъмоли тамоку миёни бонувон дар ташвиш афтодааст

Май 31, 2018 09:45

ДУШАНБЕ, 31.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. 31 май ҳамасола дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо тамоку таҷлил мегардад. Иқдоми мазкур аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  (ТУТ) роҳандозӣ гардидааст.

Истифодаи тамоку яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва  фавти аҳолӣ ба шумор меравад. Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 5,5 миллион нафар аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, мефавтанд.

Дар Тоҷикистон низ баҳри пешгирии хатари тамоку ва мубориза бо истеъмоли он корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла,     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» дар таҳрири нав  2 январи соли 2018 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида,   ба ҳифзи солимӣ ва пешгирии бемории аҳолӣ равона гардидааст. Он ҳамзамон истеҳсол, содироту воридот ва фурӯши маҳсулоти тамокуро дар мамлакат танзим менамояд.

Бояд зикр кард, ки оид ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз тарафи нозирони минтақавии милитсяи Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии мамлакат корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд. “Мутобиқи моддаи 286 қисми 4, 291 қисми 1, 463 қисми 3, 463 эзоҳи 1 ва 463 эзоҳи 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд”,- иброз дошт сардори шуъбаи  нозирони минтақавии милитсияи Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Холмуродзода.

«Соли 2018 нисбат ба 4721 нафар санадҳои маъмурӣ ҷиҳати дар ҷойҳои ҷамъиятӣ кашидани носу сигор тартиб дода шуд. Нисбат ба чор моҳи сипаригардидаи соли 2017 ин шумора ба 4521 нафар мерасид. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки имсол нисбат ба 200 нафар шаҳрванд санади маъмурӣ зиёд тартиб дода шудааст. Дар чор моҳи соли 2018 маблағи ҷаримавие, ки аз ҳуқуқвайронкунандагон  ситонида шудааст, ба 236 ҳазору 50 сомонӣ баробар аст. Ин шумора дар ҳамин давраи соли гузашта ба 226 ҳазору 50 сомонӣ баробар буда, нисбат ба соли сипаригардида зиёд аст»,-зикр намуд Дилшод Холмуродзода.

 Бояд гуфт, ки дар синни кӯдакӣ ва наврасӣ таъсири тамоку метавонад сабаби ҷиддии халалёбии саломатӣ гардад.  Шахси  тамокукаш на танҳо ба саломатии худ, балки ба наздиконаш низ таъсир мерасонад. Таъсири тамоку дар занон ҳангоми ҳомиладорӣ дар давраи дохилибатнӣ метавонад эҳтимолияти мурдатаваллудкунӣ ва нуқсонҳои модарзодиро зиёд намояд.

Тибқи таҳлили мутахассисон, дар як дона тамоку зиёда аз 4 ҳазор намуд моддаҳои химиявӣ мавҷуд буда,  аз онҳо 250 намудашон зараровар ва 50 намуди дигарашон бавуҷудоварандаи бемории саратон мебошанд. Соли 2015 мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон аз якчанд нуқтаҳои носфурӯшии шаҳри Душанбе намунаи нос гирифта, онро ба маркази саратоншиносии Амрико ва Маркази таҳлили химиявии шаҳри Москваи Федератсияи Россия равон карданд.

Дар натиҷа маълум гардид, ки  дар таркиби нос миқдори зиёди моддаҳои химиявии  сахттаъсир,  ба монанди хром, никел, марги муш ва сурб мавҷуданд, ки ин моддаҳо ба гурӯҳҳои дуюм ва сеюми хатарнок  дохил мешаванд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мутахассисони соҳаи тиб аз истеъмоли тамоку миёни бонувон дар ташвиш афтодаанд. Қариб 90 фоизи заноне, ки ба истеъмоли тамоку машғуланд, ҳатто дар овони ҳомиладорӣ низ ин амали худро идома медиҳанд, ки ин раванд ба саломатии онҳо хатар дорад. Таъсири тамоку дар давраи дохилибатнӣ метавонад нуқсонҳои модарзодиро зиёд намояд.

 Омӯзгори Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ Абдуқодир Авезов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт,  ки шахсони аз тамоку истифодабаранда аз онҳое, ки аз ин маҳсулот истифода намебаранд,  фарқи калон  доранд. Тамоку қобилияти зеҳнии инсонро суст гардонида, ба шуш зарар мерасонад. Дар натиҷа инсон ба бемории дилу рагҳо ва асаб гирифтор мешавад. «Дар натиҷаи истифодаи тамоку ё сигор дар инсон бемории сарчархзанӣ, дарди сар, дард дар ковокии даҳон, захмҳои гуногун пайдо мегарданд. Тамоку шахсро ба бемории варами меъда, ҳолатҳои асабонӣ, нооромӣ ва бехобӣ гирифтор мекунад»,- гуфт Абдулқодир Авезов.

Ҳамсуҳбати мо дар хусуси аломатҳои беморӣ ва оризаҳое, ки дар  шахси тамокукаш мушоҳида карда мешаванд, изҳор медорад, ки дар натиҷа ин нафар ба бемориҳои дил, рагҳои хунгард, диққи дилу нафас ва бемориҳои саратонӣ дучор мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

Май 31, 2018 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд