5000 сомонӣ ҷарима барои тақдими сарупо ба хешу табор

Май 12, 2018 09:54

ВАҲДАТ, 12.05.2018 /АМИТ  «Ховар»/. Суди шаҳри Ваҳдат сокини ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқ Акбаршо Акрамовро  барои тақдими сарупо ба хешу табор дар туйи домодии писараш  дар асоси моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ  ба андозаи сад нишондиҳанда, баробар ба панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин намуд. Дар ин бора судяи Суди шаҳри Ваҳдат Зафар Қодирзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.

Тибқи талаботи моддаи 10 қисми 2-и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арус ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои  домоду арус ва падару модари онҳо манъ аст. Вале сокини ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқ Акбаршо Акрамов ба ин нигоҳ накарда ба хешу табор сарупои қимат харида, ҳамчун туҳфа тақдим намудааст.

Ба иттилои мутахассиси пешбари бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Ваҳдат Сайдалӣ Ҳакимзода, дар 4 моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳр 1677 адад тӯю маъракаҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 255 адад зиёд мебошад. Соли равон дар рафти санҷиши комиссияҳои ҷамъиятӣ 11 ҳолати риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ошкор карда шуда, ба суд пешниҳод гардид, ки то имрӯз 9 парванда баррасӣ шудааст.

 

 

Май 12, 2018 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад